• Сб. Сен 18th, 2021

АЙНӢ: Боздиди Раиси ноҳия аз маҳаллаҳои зарардидаи деҳаи Вашан

АЙНӢ: Боздиди Раиси ноҳия аз маҳаллаҳои зарардидаи деҳаи Вашан ва шиносоӣ бо рафти корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар Ҷамоати деҳоти Урметан

Дирӯз, дар деҳаи Вашани Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бар асари боришоти зиёду аз меъёр болоравии сатҳи оби сойи деҳа ва дар натиҷа омадани сел ба якчанд манзили истиқоматии сокинону роҳи умумии деҳа хисорот ба амал овард.

Вобаста ба ин, субҳи имрӯз таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар маҳалҳои зарардида фавран ситодҳо ташкил ёфта, барои саривақт бартараф кардани оқибатҳои сел техникаҳои зарурӣ сафарбар гардиданд.

Айни ҳол барои рафтуомади бемамонияти сокинон ва нақлиётҳои мусофирбар кормандони бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ва Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилии ноҳия ҷидду ҷаҳд карда истодаанд ва дар лаҳзаҳои наздик ин мушкилот бартараф хоҳад шуд.

Тибқи иттилои сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Мирзошоҳиён Мирзошоҳ талафоти ҷонӣ сабт нашудааст ва сел роҳи умумӣ, ҷӯйборҳо, кӯчаю назди дарвозаҳои баъзе сокинон ва ба якчанд заминҳои киштшуда зарар ворид намудааст.

Бояд гуфт, ки зарари умумӣ ҳанӯз пурра таҳлил нашуда, ҳоли ҳозир аз ҷониби бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ хисороти умумии бар асари боришоти зиёду омадани сел ба деҳа таҷзия мегардад.

Роҳбарияти ноҳия ба масъулони сохторҳои марбута ҷиҳати дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ва босифат бартараф намудани оқибатҳои сел дастуру супоришҳои мушаххас дод.