• Сб. Сен 18th, 2021

АЙНӢ: Санҷиши омодабошии ҷангӣ зери унвони «Марз-2021» баргузор гардид

АЙНӢ: Санҷиши омодабошии ҷангӣ зери унвони «Марз-2021» баргузор гардид

Соати 4-и субҳи имрӯз, 22 июли соли 2021, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар саросари мамлакат санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» оғоз гардид.

Дар ноҳияи Айнӣ низ таҳти роҳбарии Раиси ноҳия Муродзода Муқим бо сафарбаркунии беш аз 4000 нафар шаҳрвандони касбу кори гуногуни дар ҳайати шахсии захиравӣ буда ва ҷузъу кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо бонги хатар дар майдони Фурудгоҳи марказии ноҳия ҷамъ оварда шуда, ҳолати омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.
Беш аз 150 техникаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар ҳолати омодабошӣ тайёр карда шуданд.

Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама санҷиши омодабошии ҷангӣ, сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ҳамзамон сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагон, ҳамоҳангии сохторҳои низомии ноҳия дар сурати ба вуқўъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти амалиётӣ-тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рўҳиву равонӣ ва қобилияти ҷангиву ҷисмониро дар бар мегирад.

Муқим Муродзода зимни суханронӣ ҳама ҷамъомадагонро аз номи МИҲД-и ноҳия изҳори сипос гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки: “Тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дошта, ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми Ватан оғоз мегардад. Имрӯз маълум гардид, ки мардуми сарбаланди ноҳия барои ҳифзи марзи Ватан омодаанд, зеро ҳузури Шумо имрӯз дар ин ҳамоиш аз он гувоҳӣ медиҳад.
Талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқ, барои миллат ва Ватан беҳамтост ва мо низ бояд дар бари Сарвари давлат истодагарӣ намуда, фидоии ин хоку марзу бум бошем”.