• Сб. Сен 18th, 2021

Ба истифода додани майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар доираи нақша-чорабиниҳо ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст, ба истифода доданд.

Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ва дар ҳузури шумораи зиёди сокинон яке аз рамзҳои давлатдорӣ-Парчами миллиро барафрохтанд.

Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 50 метр буда, дарозии матои рамз ва муқаддасоти миллӣ ба 14 ва паҳноии он ба 7 метр баробар аст.

Масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ 1600 метри мураббаъро ташкил дода, барои сайру гашт ва истироҳати сокинону меҳмонон, инчунин гузаронидани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ, аз ҷумла машқҳои пагоҳирӯзӣ мусоид мебошад.

Майдони мазкур пурра сафолакпӯш ва атрофи он бо гулу ниҳолҳои ороишӣ сабзу хуррам гардида, дар он нишастгоҳҳои замонавӣ гузошта шудааст. Масоҳати сабзазоршудаи атрофи иншооти навбунёд 850 метр ва сафолакпӯшгардида 1200 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Иншоотро бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза мутахассисони маҳаллӣ бунёд намудаанд. Дар ду тарафи Парчам фаввораҳои рангоранги диққатҷалбкунанда сохта шудааст.

Майдони Парчами давлатиро дар шафати роҳи мошингарди “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Зарафшон-сохтмон” бо фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бунёд намудааст.

Сипас, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Нишони давлатӣ аз болои лавҳаи рамзӣ парда бардошта, бо нишонаи арҷу эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ дар пояи он гулчанбар гузоштанд.

Масоҳати умумии майдони Нишони давлатӣ низ 1600 метри мураббаъ буда, он ҳам бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ аз ҷониби сохтмончиёни ботаҷрибаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Зарафшон-сохтмон” бо тарҳи ҷадид, аз рӯи меъмории миллӣ омехта бо замони муосир ва бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ, ҷавобгӯ ба стандарт бунёд карда шудааст.

Баландии таҳкурсӣ ва сутунпояи Нишони давлатӣ 20 метрро ташкил медиҳад. Дар иншоот матни Суруди миллиро зебо ҳаккокӣ намудаанд, ки ин омил дар бедор сохтани худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастии сокинон, бахусус наврасону ҷавонон мусоидат мекунад.

Атрофи Нишони давлатӣ дар масоҳати 1100 метри мураббаъ сафолакпӯш ва 400 метри мураббаъ гулкорӣ гардида, нишастгоҳҳои замонавӣ насб шудааст. Дар ин мавзеъ низ як фаввораи зебо бунёд намудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар заминаи бунёд намудани майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро низ аз таъмир бароварда, намои берунаи онро зебо оро додаанд. Назди бинои мазкурро ду фаввараи замонавӣ ва гулу ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз ҳусни тоза мебахшанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон партавафшонии Парчами миллӣ ва баланд бардошта шудани Нишони давлатиро дар маркази ноҳияи Айнӣ баробари таъмин намудани зебоии мавзеъ, ҳамчунин дар бедор гардидани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии ҳар як сокин, аз ҷумла наврасону ҷавонон муҳим шумориданд.

Дар умум, дар назди Парчам ва Нишон давлатӣ, инчунин бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ 30 чароғ дар сутунпояҳои баландиашон гуногун гузошта шудааст, ки шабона зебоии маркази ноҳияро таъмин менамояд.