• Сб. Сен 18th, 2021

АЙНӢ: Маросими кушодашавии мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳия

4 августи соли равон дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси ноҳия Муродзода Муқим маросими кушодашавии мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳия баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҷавонон ва варзишгарони ноҳия иштирок доштанд.

Мусобиқаҳои мазкур барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳияи Айнӣ бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст.

Раиси ноҳия зимни суханронӣ иброз дошт, ки «Маҳз Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷӯҳи созанда ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат боис гардид, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат пазируфта шуда, тамоми санадҳои дахлдор ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани давлату миллат дар арсаи байналмиллалӣ роҳандозӣ гардид».

Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур таъмини оммавияти варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва пеш аз ҳама мустаҳкам намудани дустӣ байни варзишгарон аз гӯшаву канори ноҳия мебошад.

Бозиҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол, гӯштини тарзи озод, бокс, шоҳмот, футбол ва тенниси рӯи миз сурат гирифта, масъули баргузории мусобиқа Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Айнӣ аст.

Мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳияи Айнӣ то 4 сенятбр идома ёфта иштироки дастаҳо аз ҳашт ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар назар дошта шудааст.