• Сб. Сен 18th, 2021

АЙНӢ: Оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-и деҳаи Каздон

АЙНӢ: Оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-и деҳаи Каздон

4 августи соли ҷорӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар деҳаи Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтуч санги асос барои бунёди бинои иловагии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 гузошта шуд.

Сохтмони бинои мазкур бо ташаббуси сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Қувайт Зубайдулло Зубайдзода ба роҳ монда шуда, ин тасмим дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, бо сифати баланд бунёд карда мешавад.

Баъди гузоштани санги асос Раиси ноҳия бо нақшаи сохтмони бинои муассисаи таълимӣ шинос гардид.

Тибқи иттилоъ бинои иловагӣ бо назардошти афзоиши шумораи хонандагон сохта шуда, тибқи лоиҳа аз 2 ошёна ва таҳхона иборат аст.

Бино дорои 8 синфхонаҳои таълимӣ, китобхона, ошхона, толори гимнастикӣ, гармхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, барои 200 хонанда пешбинӣ гардидааст.

Муқим Муродзода дар маҳалли сохтмони бинои таълимӣ бо сокинони деҳа сӯҳбат намуда, таъкид кард, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда сохтмони муаасисаҳои таълимии нав дар дигар деҳоти ҳудуди ноҳия низ ба роҳ монда мешавад ва биноҳои таълимие, ки ба таъмиру тармим ниёз доранд марҳила ба марҳила аз ҷониби МИҲД-и ноҳия бо дарназардошти талаботи замони муосир ободу азнавсозӣ карда мешаванд.

Дар охир Раиси ноҳия ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳо дастуру супоришҳо дод.