• Сб. Сен 18th, 2021

АЙНӢ: Таҷлили Рӯзи варзишгарон дар ноҳия

АЙНӢ: Таҷлили Рӯзи варзишгарон дар ноҳия

9 августи соли равон дар майдони Нишон ва Парчами давлатӣ, маркази ноҳия ба муносибати Рӯзи варзишгарон чорабинӣ баргузор шуд.

Раиси ноҳия Муродзода Муқим зимни иштирок дар чорабинӣ ҳамаи варзишгарон, устодону мураббиён ва собиқадорони варзишро бахшида ба Рӯзи варзишгарон табрику таҳният намуда қайд намуд, ки ҳамчун анъана ҳамасола 10 август дар кишвари соҳибистиқлоламон » Рӯзи варзишгарон» ботантана таҷлил мегардад.

«Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Бесабаб нест, ки дар меҳвари сиёсати Ҳукумати кишварамон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масалаи оммавигардонии ва тарбияи ҷисмонӣ қарор дошта, бо ин мақсад дар сатҳи давлатӣ силсилаи иқдомзои наҷиб ва ташаббусҳои шоиста рӯи кор гирифта шудааст» — қайд намуд Муқим Муродзода

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар ноҳияи Айнӣ танҳо аз соли 2018 то инҷониб беш аз 18 иншоотҳои варзишии замонавӣ, аз ҷумла «Варзишгоҳи марказӣ» бо ғунҷоиши 6000 ҷойи нишаст, майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ қомат афрохта, дари худро барои дӯстдорони варзиш боз намуданд.

Варзишгарони ноҳия давоми 8 моҳи соли равон дар 5 мусобиқаи вилоятӣ ва 3 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба гирифтани 8 медали тилло, 11 нуқра ва 15 медали биринҷӣ сазовор гардиданд, ки боиси қаноатмандӣ аст.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 15 нафар варзишгарон ва мураббиён сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дар охир аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ пешкаши иштирокдорон гардид.