• 28.03.2024 17:27

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Айнӣ

Табрикоти Раиси ноҳия Муродзода Муқим бахшида ба рӯзи варзишгарон

Авг 10, 2021

Табрикот


Ҳамчун анъана, санаи 10 август, дар кишвари соҳибистиқлоламон “Рӯзи варзишгарон” ботантана таҷлил мегардад. Ин санаи фархундаро ба кулли варзишгарон, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзиш табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, тансиҳативу хонаободӣ, муваффақият ва дастовардҳои бузурги варзиширо таманно дорам.
Варзиш дар ҳама давру замон ба сифати беҳтарин василаи муаррифгари давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, маҳз тавассути машғул гардидан ба варзиш ва оммавигардонии тарбияи ҷисмонӣ наслҳои солиму тавонманд ба камол расида, дар пешрафти ҷомеа нақши арзишманд мегузоранд.
Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст.
Бесабаб нест, ки дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи оммавигардонии варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ қарор дошта, бо ин мақсад дар сатҳи давлатӣ силсилаи иқдомҳои наҷиб ва ташаббусҳои шоиста рӯи кор гирифта шуда истодааст.
Аз ҷумла зимни суханрониҳои ҳикматбори хеш Пешвои муаззами миллат зикр доштанд, ки: “Даврае, ки ба ҳаёти инсоният, бахусус ҷавонон, падидаҳои номатлуб, аз ҷумла нашъамандӣ, костагии одобу ахлоқ ва ба ҷунбишҳои иғвоангезу ифротгаро шомил гардидани онҳо таҳдид менамояд, мо рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани онро кори муҳим меҳисобем.”
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи варзиш ва ҳалли мушкилоти мавҷуда барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ қабул ва амалӣ гардиданд.
Қабули барномаҳои маҷмўии “Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш” ва “Рушди футбол барои солҳои 2017-2021” ҳамчун маҷмўи амалҳои Ҳукумати кишвар ба пешрафти минбаъдаи соҳаи варзиш мусоидат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варзиш диққати махсус зоҳир намуда, барои ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш дар маҳал низ ба бунёди майдончаҳои варзишӣ ва такмили инфрасохтори иншооти соҳа талош ба харҷ медиҳад.
Дар ин маврид қайд намудан ба мавридаст, ки танҳо аз соли 2018 то инҷониб дар деҳаҳои ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия беш аз 18 иншоотҳои варзишии замонавӣ, аз ҷумлаи “Варзишгоҳи марказӣ” бо ғунҷоиши 6000 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишӣ, толорҳои варзишӣ, ва майдончаҳои варзишӣ барои кудакон қомат афрохта, дари худро барои дӯстдорони варзиш боз намуданд. Ин ҳама шароитҳои мусоид барои таъмини оммавияти варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба тарбияи ҷисмонию варзиш, омода намудани варзишгарони касбӣ ва дар маҷмӯъ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҳамагуна қонуншиканиҳо байни ҷомеа нигаронида шуда аст.
Варзишгарон ва машқварзони Муасисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия давоми 8-моҳи соли равон дар 5 мусобиқаи вилоятӣ, ва 3 мусобиқаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, ба гирифтани 8 медали тилло, 11 нуқра ва 15 медалҳои биринҷӣ муваффақ гардиданд, ки боиси қаноатмандӣ аст.
Баргузор намудани мусобиқаҳо аз як ҷониб агар ба рушди варзиш ва ҳавасмандии ҷавонон ба ин соҳа гардад, аз ҷониби дигар дӯстии байни ҷавононро бештар гардонида, онҳо аз таҷрибаи якдигар баҳравар мегарданд.
Боварӣ дорам, ки варзишгарони ноҳия минбаъд низ маҳорату истеъдоди худро барои ба даст овардани комёбиҳои варзишӣ равона намуда, шарафи ноҳия ва кишвари азизамон Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.
Бо чунин ниятҳои нек ба ҳар яки Шумо вазишгарони ноҳия барору комёбиҳо таманно дорам.
Саодатманду сарбаланд бошед.

Ҳамагӣ диданд 634 

??????