• Сб. Сен 18th, 2021

АЙНӢ: Боздиди Раиси ноҳия аз километри 22-24-и роҳи Айнӣ — Кӯҳистони Мастчоҳ

14 августи соли равон Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар Ҷамоати деҳоти Рарз аз километри 22-24-и роҳи Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ дидан намуд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки қитъаи роҳи мазкур дар маазеи Осиёи Чашма ҷойгир буда, қариб ҳар сол дар мавсими тобистон, баробари баданд гардидани сатҳи оби Зарафшон зери об мемонад ва ба ҳаракати дуҷонибаи нақлиёт монеа эчод мекунад.

Раиси ноҳия дар мавзеи Осиёи Чашма дар назди роҳи вайроншуда ситод ташкил намуда бо мутасаддиёну фаъолон барои ҷустуҷӯи роҳи ҳалли мушкилот гуфтугӯ кард.

Бояд қайд намуд, ки роҳҳои кӯҳистон аз омадани сел, кандашавии ярч, фаромадани сангу шахпораҳо ва дигар офатҳои табиӣ эмин буда наметавонад, вале, дар ҳар сурат масъулон кӯшиш ба харҷ медиҳанд роҳҳои пешгирӣ ва мушкилоти пешомадаро фавран бартараф намоянд.

Айни замон бо супориши Муқим Муродзода тамоми техникаҳои МНДРА дар ноҳия барои шароити мусоид фароҳам овардан ба нақлиётҳои хурду калоне, ки ба Ҷамоатҳои Рарзу Шамтучи ноҳияи Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ҳаракат мекунанд равона карда шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пайваста барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳи мазкур маблағи зиёд сарф менамояд.

Раиси ноҳия ба фаъолони Ҷамоатҳои Рарзу Шамтуч гуфт, ки мо албатта барои беҳдошти роҳ ва рафту омади бехатари мардум тамоми қувваи хешро равона хоҳем кард.

Ҳамчунин Муқим Муродзода масъулонро вазифадор намуд, ки дар давоми рӯз барои бехатарии рафту омади нақлиёти сокинон роҳи алтернативӣ бунёд намоянд.

Маркази матбуотии

МИҲД-и ноҳияи Айнӣ