• Сб. Сен 18th, 2021

АЙНӢ: ДАСТАИ «ВАҲДАТ» БАРАНДАИ ҶОМИ ҲХДТ

Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар, аз он ҷумла дар ноҳияи Айнӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлати Чумҳурии Точикистон миёни дастаҳои ғайрикасбӣ баргузор гардида истодааст.

Мусобиқаи мазкур тибқи нақша-чорабиноҳои КИ ҲХДТ дар ноҳия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ аз санаи 29 июл шурӯъ гардида, то имрӯз дастаҳо байни якдигар рақобат намуданд. Дар натиҷа дастаи футболбозони «Айнӣ»- и Ҷамоати деҳоти Айнӣ ва дастаи футболбозони «Ваҳдат»-и Ҷамоати деҳоти Шамтуч ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд.

Дар даври ниҳоӣ ҳарду дастаҳо маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд, ки дар натиҷа дастаи «Ваҳдат» дастаи «Айнӣ» -ро бо ҳисоби 6-2 мағлуб намуд ва ба марҳилаи III-уми мусобиқот, ба даври вилоятӣ ба шаҳри Хуҷанд роҳхат гирифт.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Рузибой Раҳимзода иштирок доштанд.

Раиси ноҳия зимни суханронӣ қайд намуд, ки » Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси баландрӯҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшонқавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дучанд менамояд».

Қайд гардид, ки мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби васеи футбол байни аҳолӣ, таъмини бевоситаи иҷрои » Барномаи махсуси Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон дар рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024″ ва ҳамчуни ҷиҳати сазовор намудани вашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Дар охир дар вазъи тантанавӣ аз тарафи Раиси ноҳия ба дарвозабон, ҳимоятгар, нимҳимоятгар, футболбози беҳтарин ва ҳамчунон довари беҳтарини мусобиқа тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва МИҲД-и ноҳияи Айнӣ супорида шуд.

Ҳамчунин ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа медал ва Ҷоми рамзии кумиҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ тақдим гардид.