• Сб. Сен 18th, 2021

АЙНӢ: Ифтитоҳи бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Саратоғи Ҷамоати деҳоти Фондарё

19 августи соли равон дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Саратоғи Ҷамоати деҳоти Фондарё бо иштироки раиси ноҳия Муродзода Муқим бунгоҳи тиббии замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳ ҳамчунин сокинони деҳа ва кормандони соҳаи тиб ширкат доштанд.

Раиси ноҳия зимни суханронӣ қайд кард, ки «Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи мо шумораи марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ ба маротиб меафзояд, ки ин аз ба зиндагии шоиста сазовор шудани мардуми ноҳия ва деҳоти дурдасти он гувоҳӣ медиҳад. Дирӯз мо дар маркази ноҳия Рӯзи кормандони соҳаи тандурустиро ҷашн гирифтем ва ин Маркази саломатии нав як ҳадяест барои ҳам кормандони соҳаи тиб, ҳам мардуми деҳаи Саратоқ ва ҳам дастовезест бахшида ба ҷашни умумимиллии истиқлолияти давлатӣ”.

Бунгоҳ барои хизматрасонӣ барои беш аз 150 нафар аҳолии деҳа пешбинӣ гардида, бо ташаббуси МИҲД-и ноҳия ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи Муассисаи Муҳаммад бин Рошидба бо маблағи 570 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Маркази саломатӣ бо тарҳи замонавӣ аз 4 ҳуҷра иборат буда тамоми таҷҳизоти тиббии муосир, аз қабили УЗИ, ЭКГ, Монитор, Небулайзер ва мизу курсиҳои соҳавӣ дар он муҳайё гардонида шудааст.

Бо ба истифода додани бунгоҳи мазкур 3 нафар сокини деҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.