• Сб. Сен 18th, 2021

Боздиди Раиси ноҳияи Айнӣ аз рафти корҳои сохтмонию истихроҷ дар ҶДММ “ТВЕА-Душанбе саноати кӯҳӣ»

Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода аз раванди фаъолияти ҶДММ “ТВЕА-Душанбе саноати кӯҳӣ» дар мавзеи “Боғи мурод” ва мавзеи “Кумарғи боло” воқеъ дар кӯҳи Кумарғи ноҳия дидан кард.
Ширкати ҶДММ “ТВЕА-Душанбе саноати кӯҳӣ” дар ноҳияи Айнӣ гарчанде аз соли 2020 ба фаъолият шурӯъ карда бошад ҳам, ҳанӯз корҳои сохтмонӣ дар ин ширкат идома дорад. Айни замон корҳои сохтмонии фабрикаҳо бо ҷӯшу хурӯш идома ёфта истода, кор дар фабрикаҳо дар арафаи анҷомёбист.

Масъулони ширкати мазкур ният доранд то охири соли 2021 корхонаро барои истеҳсолот омода намоянд. ҶДММ “ТВЕА-Душанбе саноати кӯҳӣ” дар давоми соли 2020 фаъолияти назаррас нишон дода, 230 килограмм метали навъи 1 ва 11,072 килограмм метали навъи 2 истихроҷ намудааст, ки дар умум 146 484 400(яксаду чилу шаш миллиону чорсаду ҳаштоду чор ҳазору чорсад) сомонӣ ба буҷаи давлат фоида овард. Бо ба анҷом расонидани ҳама корҳои сохтмонӣ ширкат қодир аст дар давоми як сол то 2 тонна маъдан истихроҷ намояд.

Дар марҳалаи аввал дар ширкат 146 шаҳрвандон ба кор ҷалб шуда, дар соли 2021 шумораи кормандон 216 нафарро ташкил додааст, ки музди миёнаи маоши онҳо 3216 сомониро дарбар мегирад.

Раиси ноҳия Муқим Муродзода аснои гуфтугӯ бо намояндагони ин ширкат қайд намуд, ки: “Боиси хушнудист, ки мо тавонистем дар ноҳия чунин фабрикаҳоро барои истихроҷ ва коркарди металҳо сохта ба истифода диҳем. Ин боис мегардад, ки ҳам аҳолии маҳал бо ҷои кори доимӣ бо маоши хуб таъмин гарданд ва ҳам фоидаи калон ба буҷаи давлат ворид гардад. Аз ҷониби дигар фаъолияти босамар дар ин самт, метавонад ба раванди татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат таъсири мусбат расонад”.