• Сб. Сен 18th, 2021

АЙНӢ: ТАҶЛИЛ РӮЗИ ДОНИШ ДАР НОҲИЯ

АЙНӢ: ТАҶЛИЛ РӮЗИ ДОНИШ ДАР НОҲИЯ

Имрӯз дар тамоми макотиби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он Рӯзи Дониш таҷлил мегардад.

Дар ин рӯз хонандагони соли таваллуди 2014 бори аввал ба синфи якум мераванд ва имрӯз нахустин бор занги аввал садо медиҳад.

Вобаста ба ҳамин, субҳи имрӯз санаи 01.09.2021 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ба номи Фазлиддин Фахриддинови деҳаи Зерободи Ҷамоати деҳоти Дар-Дар бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода Рӯзи дониш бо тантана ҷашн гирифта шуд.

Дар саҳни мактаб, ки бо шиору овезаҳо оро дода шуда буд, иштирокчиён -хонандагону омӯзгорон ва волидон бо як рӯҳияи идона ҷамъ омада буданд. Садо додани Суруди миллӣ ба ҷамъомад ҳусни оғоз бахшид.

Нахуст, Раиси ноҳия Муқим Муродзода ба сухан баромада, ҷомеаи омӯзгорону хонандагон, падару модарон ва аҳли маорифи ноҳияро бахшида ба оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи Дониш муборакбод намуд. Гуфта шуд, ки оғоз гардидани Рӯзи Дониш бо дарси сулҳ арҷгузории мардуми мо ба ин арзиши бебаҳо, ба сулҳу субот ва осоиштагии кишвар мебошад. Ҳамзамон ҳамаи Шуморо бо ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо дар арафаи ин санаи таърихӣ ва тақдирсози миллати тоҷик қарор дорем, шодбош гуфта, барои ҳамаи Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон фазои софу беғубор, сулҳу субот ва рӯзгори осоиштаро таманно менамоем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида, барои пешрафти соҳа, бахусус беҳтар намудани шароити таҳсил ҳамеша ҷаҳду талош намуда, дар назди омӯзгорон, падару модарон ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар тарбияи насли наврас вазифаҳо ва уҳдадориҳои зиёде гузоштанд.

Дар ин миён, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Бобозода табрикоти Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуд.
Дар идомаи чорабинӣ собиқадори соҳаи маориф, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали Хизмати шоиста Одинамаҳмад Ниёзқулов ба сухан баромада, пеш аз ҳама миннатдории хешро ба Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохта ба истифода додани чунин як мактаби барҳавою замонавӣ аз номи мардуми деҳаи Зеробод изҳор намуд. Хотиррасон мекунем, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28-июли соли равон дар деҳаи Зеробод мактаби замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар зимн аз ҷониби нафақахӯр Хушбахт Маликов бахшида ба оғози соли нави таҳсил ба хонандагони МТМУ-и №15 се адад компютер ҳадя карда шуд, ки Раиси ноҳия ба ӯ миннатдории МИҲД-и ноҳияро изҳор намуд. Бояд қайд кард, ки Хушбахт Маликов худ дар оилаи омӯзгор ба воя расида, пайваста дар ободии деҳа, таъмири роҳ ва кӯмак ба ниёзмандон саҳмгузорӣ менамояд.

Баъди маросими қабули хонандагони синфи якум, ки нав ба остонаи мактаб қадам ниҳоданд, занги аввал садо дод ва дарси сулҳ оғоз гардид.

“Файзи Зарафшон”