• Сб. Сен 18th, 2021

АЙНӢ: ДАСТАИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДЕҲАИ АЙНӢ БАРАНДАИ ҶОМИ РАИСИ НОҲИЯ

Дирӯз, 3 сентябри соли равон дар Варзишгоҳи шаҳраки Сарводаи Ҷамоати шаҳраки Зарафшон бозии ниҳоии мусобиқаи футбол барои дарёфти «Ҷоми Раиси ноҳияи Айнӣ» баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳияи Айнӣ бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст.

Мусобиқаи мазкур 4 август оғоз гардида буд, ки дар он дастаҳо аз 8 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд.

Дар даврӣ финалӣ бозӣ байни дастаҳои футболбозони деҳаи Айнӣ ва Хушекат баргузор шуд, ки дар он муовини аввали раиси ноҳияи Айнӣ Суҳроб Раҳмат, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Шаҳрулло Олмаҳмадзода, сардори нозироти Андоз дар ноҳия Фарзон Оқилзода, дигар фаъолон, варзишгарон ва дӯстдорони футбол иштирок доштанд.

Нахуст, муовини раиси ноҳия бо сухани ифтитоҳӣ ба бозӣ ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки Раиси ноҳия Муқим Муродзода бозиҳои дӯстонаро байни ҷавонону наврасони ноҳияи Айнӣ танҳо ба хотири қавитар гардидани муносибатҳои нек миёни насли наврасу ҷавон, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш дар деҳот роҳандозӣ намуда, инчунин баҳри дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ ва барои иштирок кардан дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва берун аз он кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Бошад, ки ҷавонону наврасони мо дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия гирифта, бо азхудкунии фарҳанги баланди варзишӣ дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ ширкат варзанд ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло бардоранд.

Дар бозии ниҳоӣ футболбозони деҳаҳои Айнӣ ва Хушекат қувваозмоӣ намуданд, ки дар натиҷа дастаи футболбозони деҳаи Айнӣ ғолибият ба даст оварда, дастаи рақибро бо ҳисоби 3 — 2 мағлуб намуд.

Бояд қайд намуд, ки бозӣ дар фазои дӯстию бародарӣ идома гирифта, хушу хотирмон анҷом ёфт ва ғолибон дастаи рақибро бо бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханҳои хуш гуселониданд.