• Сб. Сен 18th, 2021

АЙНӢ: Ифтитоҳи толори варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Шамтуч

Нимаи дуюми рӯз Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар Ҷамоати деҳоти Шамтуч толори варзиширо мавриди истифода қарор дод.

Дар мароси ифтитоҳи толори варзишӣ Раиси ноҳияро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини якуми сардори хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Аламзода Исроил Бобо ҳамроҳӣ намуд.

Толори варзишӣ бо ташаббуси соҳибкор Мирзо Ҳидоятзода ва кӯмаки аҳолии деҳа дар назди МТМУ-и № 17-и деҳа барои 400 нафар хонанда, бо маблағи наздики як миллиону дусад ҳазор сомонӣ бунёд карда шуд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар рафти корҳои бунёдкорӣ дар иншооти мазкур ҳамарӯза 35 нафар сохтмончиёни доимӣ ва аҳли деҳа ҳар рӯз ба тариқи ҳашар то 100-120 нафар хизмат менамуданд, ки ҳамаи корҳо бо сифати баланд ба анҷом расида шуданд.

Сокинони деҳаи Шамтуч ҷидду ҷаҳд намуданд то оғози соли нави хониш иншоотро ба хонандагон тӯҳфа намуда, инчунин дастовези арзандаеро бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш кунанд. Толори варзишӣ бисёр барҳавою бо ҳашамат бунёд гардида, дар он хонандагони Муассисаи таълимӣ метавонанд ба футбол, воллейбол, баскетбол, теннис ва дигар намуд бозиҳои варзишию тармими ҷисмонӣ машғул шаванд.

Муқим Муродзода бо фаъолону сокинони Ҷамоати Шамтуч вохӯрӣ гузаронида, фарорасии 30-солагии Истиқлолияти давлатиро таҳният гуфт. Қайд гардид, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ симои Ҷамоати деҳоти Шамтуч рӯз ба рӯз зебою дилоро гардида истодааст. Гуфта шуд, ки дар оянда ҳам таҳти ҳидоятҳо ва раҳнамоиҳои Сарвари давлат мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ватанамонро боз ҳам ободтару зеботар гардонем.

Дар интиҳо, Раиси ноҳия ташаббускор Мирзо Ҳидоятзодаро барои гузоштани саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатӣ, ноил гардидан ба дастовардҳои назаррасӣ меҳнатӣ, иштироки фаъолона дар корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома сарфароз гардонид