• Сб. Сен 18th, 2021

АЙНӢ: Маросими қадрдонӣ ва супоридани Ифтихорномаҳо ба як гурӯҳ кормандони касбу кори гуногуни ноҳия

6 сентябри соли равон дар толори Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрал маросими қадрдонӣ ва супоридани Сипоснома, Диплом ва Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба кормандони касбу кори гуногун баргузор гардид.

Дар ҷамъомад як гурӯҳ фаъолони ноҳия, ки дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми назаррас гузоштанд, бо Қарори Раиси ноҳияи Айнӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони хизмати давлатӣ ва собиқадорони меҳнат, соҳибкорон, кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф ва фарҳанг барои хизматҳои арзанда ва гузоштани саҳми назаррас дар татбиқи сиёсати давлатӣ, ноил гардидан ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, иштироки фаъолона дар корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ва бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихорномаи Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар фазои тантананок супорида шуд.

Ҳамзамон, ба чанд нафар хонандагони Муассисаҳои таълимии ноҳия, ки дар Олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, Дипломҳои таъсисдодашуда ва мукофотпулиҳо тақдим карда шуд.

Инчунин, ба ғолибони мусобиқаҳои футбол барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳия, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд, ҷоиза ва мукофотпулиҳо бо тантана супорида шуд.

Дар фарҷоми ҷамъомад Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Полвонов Ғозибек Низомович, ки ба синни нафақа расидаанд, низ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардид.