• Сб. Сен 18th, 2021

АЙНӢ: ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

7 сентябри соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳия Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил карда шуд.

Дар ҷамъомад Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо, иҷрокунандаи вазифаи Сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Бобозода, намояндагони сохторҳои қудратии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони норҳия, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, кормандони идораю ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ва дигар сокинони деҳоти ҳудуди ноҳия ширкат варзиданд.

Нахуст, Раиси ноҳия Муқим Муродзода ба сухан баромада, иштирокчиён ва дар симои онҳо аҳли оила ва кулли сокинони мардуми сарбаланди ноҳияи Айниро самимона табрику муборакбод намуд. Гуфта шуд, ки: “Давоми се даҳсолаи охир, Истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба Истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон қайд мекунанд: — Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлатии тоҷикон , шиносномаи байналмиллалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад”.
Баъдан, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -Сардори хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо, суханронӣ намуда, табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлӣ Раҳмонро ба кулли мардуми ноҳия расонид.

Ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Бобозода ба сухан баромада табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуд.

Сипас, дар остонаи таҷлили Ҷашни бузургу таърихии миллатамон 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор шахсоне, ки дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия саҳми назаррас гузоштанд бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон, бо қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода як қатор кормандони барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи вилояти Суғд қадрдонӣ гардиданд.

Дар интиҳо бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ бо барномаи хубу дилнишин табъи ҳозиринро болида намуд.