• Сб. Сен 18th, 2021

АЙНӢ: Дар ноҳия бинои шӯъбаи касалиҳои рӯҳӣ ба истифода дода шуд

9 сенятбри соли равон дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлати Чумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ дар назди Беморхонаи марказӣ бинои шӯъбаи касалиҳои рӯҳӣ ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳ Раиси ноҳия Муродзода Муқим ва муовини якуми Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ Аламзода Исроил Бобо иштирок доштанд.

Бинои мазкур бо маблағгузории МИҲД-и ноҳияи Айнӣ сохта шуда, дорои 7 ҳуҷраи табобатӣ ва 6 ҳуҷраи ёрирасон аст, ки дар он ҳамаи шароитҳои муосир фароҳам оварда шудааст.

Зимни ифтитоҳи шӯъбаи касалиҳои рӯҳӣ Муқим Муродзода қайд намуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ноҳия марказҳои саломатӣ ва дигар шӯъбаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ давра ба давра азнавсозӣ ва таъмиру таҷдид гардида ба истифода дода шуда истодааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар оянда низ самти фаъолияти бунёдкориашро дар партави сиёсати созандагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагиро бештар ба роҳ монад.