• Сб. Сен 18th, 2021

АЙНӢ: Роҳпаймоии ҷашнӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлати Чумҳурии Тоҷикистон

9 сентябри соли равон дар кӯчаи Рӯдакии маркази ноҳия бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлати Чумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ баргузор гардид.

Нахуст, Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм ҳамаи иштирокчиёнро бо ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод намуд.

Баъдан намояндагони касбу кори гуногуни ноҳия, аз ҷумла хонандагону устодони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷавонону варзишгарон, кормандони соҳаи маориф, хизматчиёни давлатӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ, саноат, алоқаву нақлиёт, кишоварзӣ, сохтмон, фарҳанг, ҳифзи муҳити зист, занону бонувон, ВАО ва ҳамчунин собиқадорони меҳнат бо намоиш додани дастовардҳои хоҷагии халқ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва дар даст шиору овезаҳо ба ифтихори ин ҷашни муқаддассу таърихӣ роҳпаймоӣ намудаанд.