• Пн. Окт 18th, 2021

МАҲФИЛИ ХОТИРМОН БА МУНОСИБАТИ 65-СОЛАГИИ СОЛРӮЗИ ШОИРИ ШИНОХТАИ ТОҶИК МАХСУМ ОЛИМӢ

МАҲФИЛИ ХОТИРМОН БА МУНОСИБАТИ 65-СОЛАГИИ СОЛРӮЗИ ШОИРИ ШИНОХТАИ ТОҶИК МАХСУМ ОЛИМӢ

1-уми октябри соли 2021 бо ташаббуси Муассисаи давлатии рӯзномаи «Файзи Зарафшон» дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ маҳфили пуршукӯҳи шеъру суруд ба ифтихори 65-солагии шоири шаҳид ва шаҳири тоҷик Махсум Олимӣ таҳти унвони «Фарёди ёдҳо» баргузор гардид.

Дар ин маҳфили хотирмон Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, драматурги шинохтаи тоҷик Ато Ҳамдам, шоири ширинкалом Шаҳрия Аҳтамзод ва аҳли илму адаби ноҳияи Айнӣ ҳузур доштанд.
Гардонандаи маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш бо сухани ифтитоҳӣ ба маҳфил оғоз бахшид.

Сипас, Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода суханронӣ намуд.
Гуфта шуд, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд: “Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, вале боигарии асосии он фарзандони бонангу номуси он мебошанд”. Аз ин лиҳоз, шоири шаҳиру шаҳиди тоҷик Махсум Олимӣ низ яке аз он фарзандони бонангу номуси мо буд, ки мутаассифона, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар синни 36-солагӣ аз ҷониби аъзои ТТЭ ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломӣ ба шаҳодат расид. Агар умр вафо мекард, ӯ ба синни 65 мерасид ва барои ин ватану ин сарзамин тавассути шеъру суханҳои худ хизматҳои шоиста мекард ва аз ободиву пешрафтҳои рӯзафсуни Тоҷикистони азиз меболид.

Муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа аз ҳаёти шоир зарофатҳо ва ҳозирҷавобиҳои ҷолибу шуниданиро нақл кард, ки хотири ҳозиринро шод намуд.
Зикр гардид, ки ашъори Махсум Олимӣ баёнгари афкори рангину баландпарвоз ва биниши хоси ӯ ба рӯзгор аст, аз ин ҷост, ки шоир дар рӯзгори кӯтоҳаш танҳо аз ҳамон ҷанги дунёие ҳарос дошт, ки ӯву ҳазорон нафари дигар бародарону хоҳарони тоҷикро ба коми худ кашид. Агар ҷанги бемаънии бародаркуш ҳазорон доғ дар синаи мардуми мо гузошта бошад, яке аз он доғҳо марги мармузи шоири фақид Махсум Олимӣ аст.

Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод бошад, Махсум Олимиро “шоири дипломдор” унвон карда, шеъри навиштаи худро, ки ба хотири марҳум бахшида шуда буд, қироат кард.
Гуфта шуд, ки Махсум Олимӣ яке аз он қаламкашони мо буд, ки мактаби бузурги адабии шаҳри Москавро хатм кардаву аз устодони забардасти илму адаби ҷаҳонӣ дарси сухану суханварӣ омӯхтааст. Ҳарчанд ӯ умри дарозе надидааст, аммо аз худ мероси гаронбаҳо, аз ҷумла китобҳои “Бӯйи умед” ва “Парвози нотамом” ба мерос мондааст, ки то дербоз дар хотираҳо нақш хоҳад баст.
Драматурги шинохтаи тоҷик Ато Ҳамдам ва шоири ширинкалом Шаҳрия Аҳтамзод низ аз ҳамкориҳо ва нишасту хестҳояшон бо Махсум Олимӣ қисса карданд.
Таъкид гардид, ки шеъри Махсум Олимӣ содаву равон ва самимӣ аст, аз ин лиҳоз, зуд ба дили хонанда ва ба сарояндагон роҳ меёбад. Маҳз ҳамин ҷанбаҳои шеъри ӯ буд, ки овозхонҳои шинохта, аз ҷумла Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ ба аксар шеърҳои шоир оҳанг баста, онҳоро бо лаҳни зебову шунаво сурудааст.
Оини ватандӯстии Махсум Олимӣ аз муҳаббати ӯ ба деҳа, як пораи тани хоки Тоҷикистони азизи худ, рустои Каздон сарчашма мегирад. Ҳар ҷо ки рафтааст, ҳатто ба Маскав барои таҳсил ба Институти умумииттифоқии нависандагони СССР ба номи М. Горкий, ёду хотиротеро аз зодгоҳи хеш бурдаасту бо ёдаш чакомаи садоқат хондааст. Чун илҳомбахши ӯ садои оби дарёи деҳа, канори сабзу домони поки он аст.
Суруду таронахониҳои Ҳофизи халқии Тоҷикистон Аслиддин Сатторов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ, Ҳунармади шоистаи Тоҷикистон Хурсандмурод Зарифов, овозхони шинохта Орзугул Хуҷамова ва ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ Мирҳайдар Қориев, Дониёр Ғаффорзода ва Абдурозиқ Норзода аз эҷодиёти Махсум Олимӣ ба маҳфил ҳусну таровати дигар бахшид.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили мазкур бо ибтикори Муассисаи давлатии рӯзномаи «Файзи Зарафшон» дар ҳамоҳангӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва Бахши фарҳанги ноҳия рӯйи даст гирифта шуда буд ва хубу хотирмон доир шуд.
Бояд гуфт, ки Махсум Олимӣ хатмкардаи Институти умумиҷаҳонии адабиёти ба номи Максим Горкийи шаҳри Москва ва яке аз шоирони шинохтаи тоҷик аст, ки дар даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба шаҳодат расидаат.
Махсум Олимӣ 10-уми октябри соли 1956 дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Соли 1984 Институти адабиёти СССР бо номи А. М. Горкийро дар шаҳри Маскав бомуваффақият ба охир расонид. Баъди хатми Институти адабии шаҳри Маскав ба ҳайси муҳаррир ва ходими адабӣ дар нашриёти «Ирфон» фаъолият дошт.
Бештари ашъори Махсум Олимӣ ба забони русӣ ва қисме аз шеърҳои ӯ ба забонҳои украинӣ, озарӣ, ӯзбекӣ, чувашӣ, болқарӣ, лагзӣ ва ғайра тарҷума шудаанд.