• Пн. Окт 18th, 2021

Табрикоти Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм бахшида ба 30-солагии Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон

Табрикоти Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм бахшида ба 30-солагии Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони саодатманди ноҳия!

Имрӯз аз таъсисёбии ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад. Ба ин муносибат кулли ҷавонон ва аъзоёни иттифоқро табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, саодатмандиву сарфарозӣ ва дар фаъолияти меҳнатиатон дастовардҳои назаррасро хоҳонам.

Ҷавонон, ки аксарияти нуфузи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд солҳои охир дар маркази таҳаввулоти хеле ҷиддӣ ва муҳим дар ҷомеъа, таъсиси сохтори нави сиёсӣ, бозсозии иқтисодӣ, истиқлолияти миллӣ, ва эҳёи ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гирифтанд. Бешубҳа ин дигаргуниҳо ба андеша, афкор ва тарзи зисти ҷавонон таъсири амиқ расонида, барои ҳамоҳанг сохтани онҳо бо равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳони муосир замина гузоштанд. Аз ин лиҳоз ба ҳайси захираи стратегии миллат эътироф кардани ҷавонони ин марҳила, ки ҳатто аз захираҳои ашёвӣ, энергетикӣ ва молиявӣ бартарӣ доранд, тақозои замон аст.
Насли ҷавон дар шароити имрўза нисбат ба наслҳои бузургтари худ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии муосир тезтар мутобиқ гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд саҳми муносиб гузорад.
Дар давраи муосир барои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон, ки дар марҳилаи гузариш қарор дорад, зоҳир намудани таваҷҷўҳ ба иштироки фаъоли ҷавонон дар корҳои ҷамъиятӣ, таъсис додани ҷамъияти бонуфуз ва муташаккили ҷавонон, хеле муҳим ва мубрам аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи дурусти тараққиёти худ бунёди давлати демократии хуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намудааст ва дар ин замина ҷалб намудани нерўи созандаи ҷавонон дар ҷараёни бунёди давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле муҳим ва ногузир аст.
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун минбари шоистаи насли фардосоз 30 сол қабл, 12- октябри соли 1991 фаъолияти худро оғоз намуда, имрӯз ҳудудан 20- ҳазор аъзо дорад.
Ҳамзамон мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи санаи 7- феврали соли 2019 баргузор гардида буд роҳбарияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро муаззаф намуданд, ки фаъолияти “Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон” тақвият бахшида шавад ва ин сохтор ба мактаби тарбияи ҷавонон ва бозомӯзии кадрҳои арзанда табдил дода шавад.
Бо назардошти ин Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки қисми ҷудонопазири ҳаракати байналмилалии ҷавонони ҷаҳон маҳсуб мешавад, бо мақсади пешрафт ва инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон, муттаҳид сохтани ҷавонони дорои тафаккури солим ва созанда, ҳимоя ва пуштибонии ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии онҳо дар Барномаи худ тағйиротҳои куллиро ворид месозад.
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки аз мавқеъ ва ҳадафҳои иҷтимоии он аксарияти ҷавонони Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунанд ворис ва давомдиҳандаи иқдоми неки наслҳои шарафманди ҷавонони Тоҷикистон буда, дар тарбияи насли наврас, пешрафту тараққиёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, пешгирии зиддиятҳо ва ихтилофоти сиёсии дохилӣ, бедории ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва номуси ватандорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон ва муаррифии он дар ҷаҳони мутамаддин метавонад саҳми боризе гузорад.
Ҳадафи аслӣ ва асосии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пуштибонӣ ва ҳимояи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат дар эъмори ҷомеаи демократӣ, иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ, эҳёи арзишҳои суннатии миллӣ ва пуштибонӣ аз арзишҳои волои умумибашарӣ, бедор намудани ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва номуси ватандории ҷавонон, тақвият бахшидани шуурнокии насли наврас дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи ифтихори миллӣ; донишу малака ва ахлоқу фарҳанги насли наврас буда, барои иштироки фаъоли онҳо дар идоракунии давлат ва ҷомеа мусоидат мекунад.
Тамоми аъзоёни иттифоқ вазифадоранд, ки дар амалӣ намудани ҳадафҳои он саҳмгузор бошанд ва рисолати таърихии хешро дар назди Ватан, миллат ва таърих иҷро намоянд.
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба хотири амалӣ намудани мақсаду маромҳои хеш нисбат ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ эҳтиром гузошта, аз дастовардҳои илму техникаи муосир моҳирона истифода менамояд.
Иттифоки ҷавонони Тоҷикистон ҷонибдори рушду пешрафт ва инкишофу дигаргуннисозиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон буда, самти фаъолияти худро барои созандагвиу бунёдкорӣ ва рушду тараққиёти Тоҷикистон равона месозад. Мақсад мегузорад бо истифода аз нерўи созандаи ҷавонон дар низоми ҷомеа барои ворид намудани ислоҳот ва дигаргуниҳое, ки манфиати тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро ифода менамояд, саҳмгузор бошад.
Волоияти қонун барои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз ҳама муҳим буда, дар сиёсат зидди ҳамагуна чаправиҳо ва ифроту тафрит, амалҳои ғайриқонунӣ мебошад. Дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъолона ширкат меварзад.
Барномаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон марому ҳадафҳо ва усулҳои асосии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро дар робита ба талаботу тақозои раванди муосири рушду такомули ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян менамояд.
30- соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат муборак!