Субҳи имрӯз Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода аз мавзеи дараи Аловиддини Ҷамоати деҳоти Фондарё боздид ба амал овард. Дар дараи Аловиддини Ҷамоати деҳоти Фондарё, ки яке аз мавзеҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ хеле рушдёфта мебошад деҳаҳои Канте, Пинён, Шӯрмашк, Пасрӯд ва Марғзор ҷойгир гаштаанд.
Зимни боздид аз ин деҳот, нахуст Раиси ноҳия аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-и деҳаи Пасрӯд дидан карда, бо хонандагону омӯзгорони ин муассиса сӯҳбат кард. Муқим Муродзода бо омӯзгорони муассисаи таълимӣ ҳамсӯҳбат гардида, таъкид кард, ки мақсад аз ташриф ба муассиса ва сӯҳбати имрӯза огоҳ шудан аз вазъи соҳа, аз забони омӯзгорон шунидани мушкилоти ҷойдошта, муайян намудани роҳҳои баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва дар ин замина ҷиҳати рушди соҳа шунидани таклифу пешниҳодҳост. Омӯзгорони муассисаи таълимии мазкур доир ба норасоии китобҳои дарсӣ, омӯзгорон ва ғайра таклифу пешниҳодҳо манзур намуданд.
Инчунин Муқим Муродзода зимни сӯҳбат бо хонандагон онҳоро ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ, фанҳои дақиқ ва табиию риёзӣ ва интихоби бошууронаи касб ҳидоят намуда, дархост ба амал овард, ки баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун мутахассисони соҳибкасб ба халқу Ватан хизмати содиқона намоянд.
Бояд қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ зери ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду густариши варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, дар ин замина дар ноҳия ҷиҳати беҳзосии шароити машқу тамрин корҳои назаррас ба сомон мерасонанд. Бо ҳамин мақсад дар ноҳияи Айнӣ сохтмони майдончаҳои варзишӣ идома ёфта истодааст, ки бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Дар деҳаи Пасрӯд низ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо шахсони ватандӯсти деҳа дар назди муассисаи таълимии №47 майдончаи варзишӣ сохта шуда истодааст. Масъулин мақсад доранд, ки иншооти мазкурро бо сифати баланд ба анҷом расонида, дар арафаи истиқбол аз 35-умин солгради Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Ба Раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки мувофиқи нақша атрофи майдончаҳо пурра чароғон карда мешавад ва дар гирду атрофи онҳо дарахтони ҳамешасабзу мевадиҳанда ва сабзаву дигар гулҳои ороишӣ шинонида мешавад.
Муқим Муродзода зимни мулоқоти худ бо мардуми деҳаи Пасрӯди Ҷамоати деҳоти Фондарё гуфт, ки бо сохта шудани ин майдончаҳо шумораи гурӯҳҳои варзишгар дар намуди футбол боз ҳам афзун гардида, онҳо метавонанд дар тамоми фасли сол машқу тамрини ин риштаи варзишро ба роҳ монанд. Тибқи иттилои масъулон бо назардошти зиёд будани аҳолӣ дар деҳа бо ҷалби соҳибкорони маҳаллию бурунмарзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия давоми солҳои охир чунин иншоот дар деҳоти Ҷамоати Фондарё зиёд мегардад ва соҳибкорони ин диёри бо нангу номус тасмим доранд ватани худро боз ҳам ободтару зеботар гардинанд.
Иншооти мазкур бошад, баъди ба истифода дода шуданаш, василаи хуби ҷалби насли наврас ба варзиш ва омода намудани футболбозони касбӣ арзёбӣ карда мешавад.
Раиси ноҳия зимни мулоқот бо аҳолии деҳа дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид. Ҳангоми сӯҳбат бо аҳли деҳа Муқим Муродзода ба мутасаддиёну фаъолони деҳа дастур дод иншооти бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон банақшагирифташударо бо талаботи ҷавобгӯ ба замони муосир бунёд намуда, мавриди истифода қарор диҳанд.
Дар идомаи боздид аз соҳаҳои мухталифи дараи Аловиддин Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода аз раванди киштукор дидан кард. Маълу гардид, ки дар дараи Аловиддин, ки деҳоти болозикрро фаро гирифтааст бинобар баланд ва хунук будани минтақа мардум акнун ба кишти картошка ва дигар маҳсулоти полезӣ оғоз намудаанд.
Муқим Муродзода ҳангоми боздид аз заминҳои дара, бахусус аз мавзеи Биёбон ва Турзул дар оғози кишти картошка иштирок кард. Маълум гардид, ки аҳолии дара ҳар як ваҷаб замини киштро самаранок истифода карда истодаанд. Раиси ноҳия ба Раиси ҷамоат, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия, раисони хоҷагиҳои деҳқонии дараи Аловиддин ва дигар масъулон бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсия дод, ки бо истифода аз рӯзҳои мусоид ба кишти зироат ва дигар корҳои саҳроӣ вусъат бахшида шавад. Таъкид карда шуд, ки ҳар як оила бояд ба истифодаи оқилонаву самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ диққати махсус дода, киштро сари вақт ба итмом расонад. Зеро, саривақт кишт намудани зироати гуногун барои ҳосили фаровон замина гузошта шуда, дар натиҷа фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин мегардад.
Сокинони дара ва кишоварзони сарбаланди Ҷамоати деҳоти Фондарё низ дар навбати худ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ карда, оид ба самаранок истифодабарии замин, бештар истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин васила саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, инчунин, аз ҳавои мусоид истифода намуда, бо истифода аз тухмиҳои аълосифат кишти картошкаро хеле хуб ба роҳ мондаанд. Айни замон, дар тамоми дараи Аловиддин маъракаи кишти картошка бо маром идома мегирад.
Раиси ноҳия зимни боздид аз заминҳои корами дара гуфт, ки зиёд гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ яке аз масоили мубрам мебошад. Инчунин, гуфт Муқим Муродзода, ки амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегияи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, таъмини сабади истеъмолии мардум бо маводи ғизоӣ вазифаи аввалиндараҷаи мо, масъулон мебошад. Картошка ҳамчун маводи ғизоӣ дар таъмини сабади истеъмолии аҳолии ҷумҳурӣ ҷойи махсус дорад, зеро онро ҳамчун нони дуюм низ медонанд.
192