Хабарҳо

С КАКОЙ ЦЕЛЬЮ ПРЕДСЕДАТЕЛЬ СДПТ ШАНТАЖИРУЕТ РУКОВОДСТВО ТАДЖИКИСТАНА НОВОЙ ГРАЖДАНСКОЙ ВОЙНОЙ?

Пас аз баёния ва эътирозҳои шифоҳии Раҳматулло Зойиров бобати интихоботи президентии навбатӣ дар кишвар, ки қарор аст 11.10.2020 баргузор гардад, мо тасмим гирифтем ба эшон ҷавоб бидиҳем. Ва чун Раҳматулло Зойиров ҳамеша бо забони русӣ менависанду мегӯянд, мо ҳам посухи худро бо забони барои эшон фаҳмо-русӣ хоҳем дод, шояд ин тавр дарк хоҳанд кард, ки гуфтаҳояшон чӣ пайомаде дорад. Мо метавонем! ...[муфассалтар]

Раиси ҲСДТ бо кадом мақсад раҳбарияти Тоҷикистонро бо ҷанги нави шаҳрвандӣ таҳдид мекунад? - СССР 01.09.2020 Назари шахсии муҳаррир

Пас аз баёния ва эътирозҳои шифоҳии Раҳматулло Зойиров дар хусуси  интихоботи навбатии президентӣ дар кишвар, ки қарор аст 11.10.2020 баргузор гардад, мо тасмим гирифтем ба эшон ҷавоб бидиҳем. Ва чун Раҳматулло Зойиров ҳамеша бо забони русӣ менависанду мегӯянд, мо ҳам посухи худро бо забони барои эшон фаҳмо - русӣ хоҳем дод, шояд ҳамин тавр ӯ дарк бинамояд, ки гуфтаҳояшон чӣ пайомаде дорад. Мо метавонем! Ҳаргиз ин мақоларо наменавиштам, агар "бофтаҳои пуршӯру ҳаяҷоновари" сиёсатмадорони гумроҳи мо дар бораи хатари ҷанги нави шаҳрвандӣ интишор намеёфтанд. Шахсан ман, дар қатори миллионҳо ҳамватанонамон, аз ин ҷанг наҷот ёфтам....[муфассалтар]

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020: андешаҳо ва воқеияти ҳуқуқӣ. АМИТ «Ховар» назари дастаҷамъонаи олимонро пешниҳод менамояд

ДУШАНБЕ, 02.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Қонун дар ҳар як  ҷомеа ҳамчун афзори ҳамакораи танзими муносиботи иҷтимоӣ эътироф мешавад. Бинобар ин асос ҳар навъ падидаи дорои аҳамияти иҷтимоӣ дар ҳоли ҳозир тавассути қонунҳо ва дигар асноди  меъёрии ҳуқуқӣ танзим мешавад. Ин муқаррарот дар замони ҳозира, ки сохтори муносиботи  иҷтимоӣ мураккаб мешавад ва пайомади танзими онҳо боиси зуҳуроти номаълум ва қонунан тасдиқношуда  мешавад, хеле муҳим аст. Дар зер андешаҳои кормандони масъули Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро пешниҳод менамоем....[муфассалтар]