Шоири беозор ва душманони ғаддор

Дар овони камолоти эҷодӣ ва баҳсу талошҳои маҳалгароӣ шоири ҷавони мумтоз Махсум Олимӣ аз дасти қотилони миллат шаҳид гардид. Ин ҳодисаи мудҳиш 24-уми октябри соли 1992 ба вуқӯъ пайваста буд, ки шоир дар тан либоси хоксоронаи зиёӣ ва дар лаб суханони шоиронаи пандомез дошт. Аз ҳодисоти мудҳиш дилаш ба изтироб омада буду ба халқу миллат ва кишвари ба ҷангу ҷидол кашида дарун-дарун андӯҳу ғусса мехӯрд ва ҳамеша зери лаб пораҳои шеъриро ба рӯз медод:

“Эй кош ақли солим ғалаба кунад, ки мо – тоҷикон осуда шавем”

Ба ҳама якрӯ буд ва касеро бегона намеҳисобид, дар байни омма гаштугузор мекард ва тарсе аз марг надошт. Дар кӯчаҳои шаҳр гаштугузор мекард ва ҳамаро ба муттаҳидӣ ва оромию ботамкинӣ даъват менамуд. Аммо қотилони маҳалгаро ва бедину риё суханони ӯро намеписандиданд ва ӯро ба шаҳодат расониданд. Бо ин амали ноҷавонмардона худро заиф гардониданду номи неки шоири мумтоз Махсум Олимиро ҷоовидона гардониданд. Бале, номи Махсум Олимӣ ва зиёд шахсиятҳои мӯътабаре мисли Муҳаммад Осимӣ, Мнхоҷ Ғуломов, Юсуф Исҳоқӣ, Сафаралӣ Кенҷаев, Карим Юлдошев, Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва дигар фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, намояндагони аҳли илму адаби кишвар, ки дар рӯзҳои нооромӣ ва муқовиматҳои сиёсии солҳои навадуми садаи бист аз дасти наҳзатиён бо супориши хоҷагони бурунмарзиашон кушта шуданд то абад зинда хоҳад монд. Мақсад аз куштани зиёиёни болозикр аз ҷониби наҳзатиёну хоҷагонашон фақат як чиз буд. Задани зарба ба қудрати интелектуалии миллат, тарсонидани аҳли зиё, бедор кардани ҳисси нобоварӣ, норозигӣ дар қалби сокинон ва ба ин васила заиф нишон додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини амнияти мардум. Ҳамзамон, ҷудоиандозӣ, ангехтани зиддият, низоъ байни маҳалҳо, минтақаҳо ва вилоятҳои Тоҷикистон. Чизе ки лозим ба таъкид аст, бояд қайд карда шавад, ки то анҷоми куштор, ривоятҳои гуногун дар бораи сабабҳои он коркард ва овози карда мешуданд. Яъне хабарҳои дурӯғ дар бораи душманони шахсӣ ва хизматии афроди терроршуда. Бо ин васила, наҳзатиён мехостанд ҳам қотилро пинҳон кунанд ва ҳам нақшаи кушторро таъмин созанд.

Махсум Олимӣ 10-уми октябри соли 1956 дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ба шеъргӯӣ соли 1973 сар карда, соли 1973 баъди хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи энергетикии шаҳри Қӯрғонтеппа дохил шуда, онро соли 1978 ба итмом расонидааст. Чанд муддат дар матбааи шаҳри Душанбе ба ҳайси барқчӣ кор кардааст. Нахустин шеъри ӯ бо номи «Модар» дар рӯзномаи ноҳиявии «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ соли 1975 рӯи чоп омадааст. Ҳамчунин, дар давраи донишҷӯияш дар шаҳри Қӯрғонтеппа шеъру таронаҳояш дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва «Маориф ва маданият» пайваста чоп мешуданд. Соли 1984 Институти адабиёти СССР бо номи А. М. Горкийро дар шаҳри Маскав бо муваффақият ба охир расонид. Дар ин муддат шеъру навиштаҳояш дар рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ», «Комсомоли Тоҷикистон», «Ҳақиқати Ленинобод», «Ҳақиқати Ӯзбекистон», «Бадахшони советӣ», «Коммунисти Исфара», «Коммунист», «Роҳи коммунизм», «Роҳи ленинӣ», «Паёми Душанбе» ва маҷаллаҳои «Машъал», «Занони Тоҷикистон», «Садои Шарқ», «Помир» бо мазмунҳои тоза ба тоза нашр мешуданд. Баъди хатми Институти адабии шаҳри Маскав ба ҳайси муҳаррир ва ходими адабӣ дар нашриёти «Ирфон» фаъолият намуда, ҳамзамон бо матбуоти даврӣ ҳамкориҳои хуб дошт. Махсум Олимӣ солҳои 1985 то 1991 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, маҷаллаи «Занони Тоҷикистон», Радиои Тоҷикистон ва рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба ҳайси хабарнигор кору фаъолият кардааст.

Аҷаб симое гузошт аз худ дар ёдҳо Махсум Олимӣ – як сӯ шоири шоду сархушу ринду хандону ҳамешаҷавон ва як сӯ марди боимону оқилу инсондӯсту содиқу рӯҳоние, ки одамонро ба ишқу лутфу покию накӯкорӣ мехонад. Чандбӯъдӣ ва фазоофарӣ танҳо хоси афродест, ки ҳиссу дарки амиқе аз андӯҳи зиндагӣ ва шебу фарози кавну макон доранд. Махсум Олимӣ  аз модар шоир зода шуда, шоирона сухан мегуфт, шоирона ғам мехӯрд, шоирона шодӣ мекард ва шоирона мезист. Дар ботини ӯ ҳама чӣ буд – ишқи зиндагӣ, орзуи парвоз, накӯкорӣ, ҳамдилӣ, ҳамқадамӣ — ҳама чӣ, ба ғайр аз кинадузӣ, дурӯғ ва пастӣ. Меҳвари маҳкаме аз ростфитратӣ сару қомати ӯро баланд медошт, дилашро боз ва чеҳраашро шукуфон. Метавонист, дар баробари танаффур лабханд занад ва лабханди ӯ ба маънои томаш пирӯзии некӣ бар бадӣ буд. Чунин инсонҳо дар рӯбарӯи марг низ лабханд мезананд, дар рӯбарӯи қотил низ табассум мекунанд ва бо ин зӯру зӯргӯии қотили номардро, ки танҳо силоҳи дасташ ба ӯ тавоноӣ додааст, ба махлуқи пасту нафратомез табдил медиҳанд. Симое, ки ӯ гузошт, сода ва сатҳӣ нест, аммо дареғ, ки хеле ҷавон аз миёни мо рафт ва доғи носутурдание дар дили ёрон гузошт. Шеъру чакомаҳои ӯ дар матбуот бо сухани бисёре аз ҳамовардонаш ҳамсиришту ҳамнаво буд, дурахшҳои хосе дошт, ки дар ёдҳо мемонд ва дар дилҳо менишаст. “Маро обшорони Каздун шоир карданд,” – мегуфт Махсум Олимӣ дар посух ба ишораи атрофиён, ки гӯё “мактаби олии шеър”-ро хатм кардааст. Ҳамин тавр дар Иттифоқи нависандагон ба ӯ ва шодравон Искандари Хатлонӣ ва ҳамчунин Алишер Қиёмов ва чанде дигар аз хатмкардагони Донишгоҳи адабии ба номи Горкийи Маскав ишора мекарданд. Бархе аз ҳампешагонаш танз ҳам мезаданд, ки магар мешавад, истеъдоди шоириро дар донишгоҳ ба даст овард. Вале рӯшан буд, ки донишгоҳи адабӣ истеъдоди ин суханваронро сайқал дода, онҳоро дар сухансанҷӣ як зина болотар бурда буд, ҳарчанд шеър на илм, балки ботину сарнавишти ҳар яки онҳо буд. Махсум ба ҳама меҳрубон буд, талош мекард, ҳар нафареро бо сухани хуш ё лутфе дилшод кунад. Умри Махсум ҳамин фурсати аз лаб то даҳон бурдани як қатраи талх буд.  Бояд мезисту мезист ва месуруду месуруд. Онгуна ки шеърҳояш ба суруди Хосият ва аз забони ӯ ба суруди ҳамагон табдил меёфт. Дареғо, дар ҷанги хонагии тоҷикон кушта шуд.

Имрӯзҳо мо дар сомонаҳои интернети мехонему тамошо мекунем, ки қотилони зиёикуш ба монанди Муҳиддин Кабирӣ аз мавқеи хориҷа истода, хамчун «ватанфурӯш» бар зидди давлатдории Тоҷикистон, ки сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллакатамонро дигар кишварҳо омӯхта, дар кору зиндагиашон мавриди истифода қарор дода истодаанд, зери суоли танқид кашида истодааст. Аммо, халқи баору номуси миллати тоҷик ин гуфтаҳои хоинонро паси сар карда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бо меҳнати ҳалол зиндагиашонро пеш бурда истодаанд.

“ФАЙЗИ ЗАРАФШОН”