Гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Айнӣ

Имрӯз санаи 03.10.2019 сол дар назди бинои Қасри фарҳанги маркази ноҳияи Айнӣ маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими гусели наваскарони ихтиёрӣ аз ноҳияи Айнӣ Раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамотҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сарбозон, падару модарони навдаъватшавандаҳо ва зиёд сокинон аз ҳудуди ноҳия иштирок доштанд.
Нахуст, наваскарон аз назди бинои Комиссариати ҳарбӣ то назди бинои Қасри фарҳанг зери шиорҳои “Хизмат ба Ватан шараф аст”, “Барои Ватан ҷон нисор мекунем” раҳпаймои намуданд. Сипас, Комиссари ҳарбии ноҳия майор Мирҳаёт Зарипов оид ба омодагии 41 нафар наваскароне, ки барои адои хизмати Ватан-Модар ҳозир шуда буданд ба Раиси ноҳия ҳисобот дод.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавии гусели наваскарон аз ҷумла қайд намуд, ки: “Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад. Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа ниҳоят, дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омӯзгорон мебошад. Чунонеки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд: «…ба ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, соҳибкорони ҳимматбаланд ва ҳар фарди бонангу номуси миллат муроҷиат карда, мехоҳам, бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!».
Ҳамчунин дар ҷамъомад прокурори ноҳияи Айнӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1 Арбобзода М.Х. дар баромади худ иброз дошт, ки: “Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб ёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ дошта сарбаландона адои хизмат менамоянд, ки бо нерӯи худ дар таҳкими сулҳу суботи кишварамон ҳиссаи муносиб мегузоранд. Барои ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат кардан на танҳо ӯҳдадории шаҳрвандӣ, балки масъулият ва ифтихор низ мебошад. Хизмати ҳарбӣ барои ҷисман обутоб ёфтан, мустаҳкамии ирода, ҷасорату серҳаракатӣ, ватанпарастӣ, садоқат ба Ватану миллат ва дигар хислатҳои нек мусоидат мекунад. Артиш мактаби ҳақиқии ҳаёт аст. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст”.
Даъватшаванда Шохрух Элмирзоем, ки баъди хатми донишгоҳ ихтиёран барои адои хизмати Ватан ҳозир шудааст, оид ба ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҳамагонро бовар кунонид, ки хизмати Ватан-Модарро сарбаландона ба анҷом расонида, ба назди падару модар бар мегардад.
Баъдан падари даъватшаванда-директори мактаби №49-и дашти Хушекати Ҷамоати деҳоти Айнӣ Умриҷон Давлатов баромад карда гуфт: “Ман ҳамчун омӯзгор фарзанди худро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда, мехоҳам, ки фарзандам монанди ҳама мардони шуҷоъ хизмати Ватан-Модарро содиқона адо намояд.
Сипас, гурӯҳи ҷавондухтарон бо ҳисси баланди меҳанапарастӣ ба наваскарон нон хӯронданд, ки чунин ташаббус ҳар яки наваскаронро болидарӯҳ намуд. Мавриди зикр аст, ки дар идомаи гусели наваскарон аз ҷониби Раиси ноҳия ба даъватшавандагон ҳуҷҷати ронандагӣ супорида шуд. Дар охир ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо пешниҳоди суруду таронҳои дилангез таъби иштирокчиёнро болида намуданд.