МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ АЙНӢ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ

ДАСТГОҲИ РАИСИ НОҲИЯ

  1. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия – 660  сомонӣ.

 

ШУЪБАЮ БАХШҲОИ ЗЕРСОХТОРИ МАҚОМОТ

 

1.  Мутахассиси пешбари бахши саноат, нақлиёт ва алоқаи мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии ноҳия – 804  сомонӣ

2. Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии ноҳия – 804  сомонӣ

3. Мутахассиси пешбари бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 804  сомонӣ

4. Мутахассиси пешбари бахши ҳифзи ичтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 846     сомонӣ

5. Мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  -804

6. Мутахассиси бахши хадамоти назорат дар соҳаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 768 сомонӣ

 

МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТИ НОҲИЯ

 

1.Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати
деҳоти Дар-Дар – 732 сомонӣ.

2.Мутахассиси мизи ҳарбӣ ва бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Дар-Дар – 630 сомонӣ.

3.Мутахассиси  мизи ҳарбӣ ва бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Айнӣ – 630 сомонӣ

4.Сармутахассиси танзими анъана ва ҷашну маросими  Ҷамоати деҳоти  
    Рарз – 894 сомонӣ

5.Мутахассиси  андози Ҷамоати деҳоти Рарз – 630 сомонӣ

6.Сармутахассис, муҳандис – заминсози Ҷамоати деҳоти Шамтуч-894 сомонӣ

7.Мутахассиси мизи ҳарбӣ ва ба қайдгирии Ҷамоати деҳоти Шамтуч-630 сомонӣ

8.Сармутахассис, муҳандис – заминсози Ҷамоати шаҳраки Зарафшон - 894 сомонӣ

9.Мутахассиси  мизи ҳарбӣ ва андози Ҷамоати шаҳраки Зарафшон 894 сомонӣ

10.Сармутахассис, муҳандис – заминсози  Ҷамоати деҳоти Фондарё - 894 сомонӣ

11.Сармутахассис, муҳандис – заминсози Ҷамоати деҳоти Анзоб – 894 сомонӣ

12.Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати
деҳоти Анзоб  -732 сомонӣ

 

 

БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН ҲУҶҶАТҲОИ

ЗЕРИН ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАД:

- аризабаунвони роҳбари мақомот;

- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

- шарҳи ҳол;

- нусхаи диплом;

- 2 дона расми 4х6;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи САҲШ (сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ)

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи  РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотномаоид ба доғисудӣ

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома дар бораи ҳайати оила;

- хислатнома;

-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ муқаррар-гардида;

- маълумотнома (справка-объективка).

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират боаҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳмондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

- таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

         Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- малакаи кор бо компютер.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Ноҳияи Айнӣ, кўчаи Рудакӣ-20, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ,телефон: (+992)3479-22205,

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.