Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти гармхонаҳо

30 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти як қатор гармхонаҳо шинос шуд.

Раиси вилоят нахуст дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти гармхонаҳои соҳибкор ва гулпарвар Абдусалом Шодибековро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Тавре иттилоъ дода шуд, аз тарафи соҳибкор панҷ гармхона ташкил гардида, дар онҳо парвариши помидор, бодиринг, қулфинай ва гулҳои мавсимӣ ба роҳ монда шудааст. Дар гармхонаҳои  ташкилнамудаи Абдусалом Шодибеков 40 нафар бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин буда, коргарон ҷиҳати таъмин намудани бозорҳои вилоят бо маҳсулоти тару тоза саҳми назаррас мегузоранд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба фаъолияти деҳқонону гулпарварон баҳои баланд дода, таъкид кард, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмин намудани амнияти озуқаворӣ зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти ноҳияро зарур аст, ки бо истифода аз таҷрибаи пешқадам барои боз ҳам бештар намудани гармхонаҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.

Дар шаҳри Хуҷанд Раиси вилоят бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти гармхонаҳо ва ҳолати нашъунамои ниҳолҳо аз КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ» боздид намуд. Дар аснои боздид иттилоъ дода шуд, ки дар КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд баҳри самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини муассиса, ки беш аз 8 гектарро ташкил медиҳад, аз тамоми василаҳо истифода бурда, дар самти кишти гулу ниҳолҳои ҳамешасабз тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Алҳол дар 5 гармхонаи муассисаи кабудизоркунӣ гулҳои навъи бахмалгул, марҷонгул кишт гардида, нашъунамои хуб доранд. Таъмиру ороиши биноҳои иҳотавии муассиса, буриши санитарии дарахтон ва нигоҳубини доимии ниҳолҳои шинонидашуда ба фаъолияти доимии корманадони муассиса табдил ёфтааст. Дар майдонҳои ҳудуди муассиса бошад зиёда аз 500 000 бех қаламчаҳои гули садбарг шинонида шудааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои истифодаи мақсадноку оқилонаи замин ва бакорандозии гармхонаҳои нав баҳои баланд дода, ба кормандони муассиса ҷиҳати рушди соҳаи афзалиятнок, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти гармхонаҳо, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолии шаҳр бо маҳсулоти барвақтӣ, бахусус помидору бодаринг маслиҳатҳои муфид дод. Дар ин самт фаъолияти кории деҳқони таҷрибадор Абдусалом Шодибеков шоистаи пайравӣ дониста шуд.

Ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ» дастур дода шуд, ки ҳудуди муассисаро ба тартиб дароварда, бо истифода аз имконоту василаҳо барои хурраму кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд талош намоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар вилояти Суғд беш аз 440 гармхонаи мавҷуд буда, дар 272 гармхона парвариши сабзавот ва дар 176 гармхона парвариши лимӯ ва гулҳо ба роҳ монда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд