Қадрдонии намояндагони соҳаҳои гуногуни ноҳияи Айнӣ бо ифтихорномаю сипоснома ва мукофотҳои Раиси ноҳия

 

Имрӯз раиси ноҳия Айнӣ Муродзода Муқим кормандони соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботро, ки саҳми арзандаи худро дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ ва таҳкими волоияти қонун дар ноҳияи Айнӣ дар соли 2019 гузоштанд бо ифтихорномаю сипоснома ва мукофотҳо қадрдонӣ карданд.

Ҷавонон аз ибтидои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таҳти ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон", Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон ва Барномаи давлатии тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 ба хотири ояндаи шукуфони ҷавонони ояндасози Ватан амалӣ шуда истодаанд.

Аз ин рў, соли сипаришуда раиси ноҳия дар пайравӣ ба сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат ба масъалаи рушду инкишофи нерӯи зеҳниву ҷисмонии насли ҷавон диққати махсус дода баҳри рӯҳбаланд намудани онҳо пайваста дасти ёрӣ дароз мекунад.

Таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагии Раиси ноҳия аст, ки ҷавонони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида, илму дониш меомӯзанд ва дар мусобиқахои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида ҷойҳои намоёеро ишѓол намуданд.

Дар ин раванд метавон исми як қатор ҷавонони номбардори диёрро бо ифтихор ном бурд аз ҷумлаи Басирҷон Нуров, Адолат Бегова, Некрӯз Анорқулов, Эҳсон Зулфонов, Насриддин Асламов, Мударриса Норбоева, Гулнозаи Шукрулло, Муродбеки Матлаб, Рухшона Афзалзода.

Инчунин аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Айнӣ " Шоҳҷоиза"- и озмуни интеллектуалии “Шоҳмот”, ки ҷавонони ноҳияи Айнӣ дар он иштирок карда, ғолибиятро ба даст оварданд, ба Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм тақдим карда шуд.

Шоҳҷоиза дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии бахши фарҳанги ноҳия барои хотира маҳфуз нигоҳ доштан мешавад.