ФЕСТИВАЛИ НОҲИЯВИИ "АТЛАСУ АДРАС"

 

Ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, таҳти №АП 1140, қарори Раиси вилояти Суғд аз 20.05.2019 таҳти №235 “Дар бораи ташкил ва баргузории фестивали “Атласу адрас” ва бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ, бахшида ба “Солҳои 2019-2021- солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” субҳи имрӯз бо ташаббуси Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Айнӣ дар бинои Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрал Фестивали ноҳиявии “Атласу адрас” баргузор гардид.

Дар Фестивал озмуни “Атласу адрас” Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, занону духтарони ҳунарманд ва дигар мардум аз ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок карданд.

 Дар Озмуни мазкур гулдухтарон ва тарроҳон либосҳои бо нозукиҳои хос аз матои атласу адраси истеҳсоли ватанӣ дӯхташударо намоиш доданд. Аз ҷумла либосҳои кӯдакона, либосҳо барои наврасону ҷавонон ва аз ҳама муҳим либосҳои маросими хонадоршавии мардуми тоҷик ба намоиш гузошта шуда буд, ки он аз ҷониби иштирокчиён хеле хуб пазируфта шуд.

 Айни замон дар ноҳия 9 адад марказҳои таълимии истеҳсоли атласу адрасбофӣ мавҷуд буда, 19 адад дастгоҳҳои адрасбофӣ фаъолият мекунанд, ки зиёда аз 23 нафар устодон ба 105 нафар шогирдон  ин ҳунарро меомӯзонанд.

 Дар охир Раиси ноҳия дар вазъи мутантан ғолибони Фестивали ноҳиявии"Атласу Адрас", Ҳасанова Гулчеҳраро аз ҷамоати деҳоти Айнӣ барои гирифтани ҷои аввал, барои ишғол намудани ҷои дуюм ба Ҳасанова Мавзуна ва Улҷаева Ҳафиза аз ҷамоати деҳоти Урметан барои гирифтани ҷои сеюм ифтихорномаву тӯҳфаҳои хотирмон ҳадя намуд.

Ҳамчунин барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ба Наврӯзова Бойбуча, Муқимова Салима ва Назарова Руқия тӯҳфаҳои хотирмон тақдим гардид.