Баргузории иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум

13 марти соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия пас аз садо додани Суруди миллӣ нахуст гузориши Муҳаммадҷон Исомаддинов, раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шунида шуд. Мавсуф зикр намуд, ки 1 марти соли 2020 дар 1045 участкаи интихоботӣ интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд доир шуд. Дар маҷмуъ 1​ 555​ 174 нафар ҳамчун интихобкунанда ​ба қайд гирифта шуда буд ва 86 дарсади овоздиҳандагон дар маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат варзиданд.

Сипас, ваколати 69 вакили интихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум тасдиқ гардид ва вакилони тозаинтихоб дар назди халқу давлат савганд ёд карда, омодагии хешро ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол изҳор намуданд.

Аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзномаи иҷлосия вакилон дастури Маҷлиси вакилони халқи вилоят, низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят, комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоятро тасдиқ карданд.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят ҳамзамон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2 номзадии Раҷаббой Аҳмадзодаро ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд, ки номзадии мавсуф мавриди дастгирӣ қарор ёфт.

Пас аз ба итмом расидани кори иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати шашум машварати кории Раиси вилоят доир гардид.

Дар машварат ба масъулин ҷиҳати тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, бунёду ба истифодадиҳии иншооти ҷашнӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, омодагиҳо ба мавсими кишти баҳорӣ, таъмиру омодасозии пойгоҳҳои обкашӣ, бунёди боғу токзори интенсивӣ, дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи даъвати баҳории ҷавонон, ҷашнҳои 5500 – солагии Саразм, 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ, Иди байналмилалии Наврӯз дастуру супоришҳо дода шуд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд хабар доданд