ДАВИ НАВРӮЗӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар саросари кишвар “Дави Наврӯзӣ” ва “Марафони велосипедронӣ” бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмиллалӣ баргузор гардида истодааст.

Вобаста ба ин субҳи имрӯз, дар маркази ноҳияи Айнӣ, дар доираи тантанаҳои ҷашни Наврӯзӣ, бахшида ба истиқболи ҷашни Наврӯз бо ҷалби сокинону ҷавонони ноҳия дави Наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ доир гардид.

Дар чорабинии оммавӣ-варзишии марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ, Раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм, кормандони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, мактаби варзишӣ, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар шӯъбаю бахшҳо, ташкилоту идораҳои ҳудуди ноҳия, муассисаҳои томактабӣ, варзишгарони ноҳия, омӯзгорон, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ва ҳатто хурдсолон низ иборат аз 400 нафар иштирок карданд.

Марафони велосипедронӣ аз гардиши даромадгоҳи маркази ноҳия то назди майдони бинои Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрал тавассути хиёбони Рӯдакӣ ҷараён гирифт.

Дар охир Раиси ноҳия ба сухан баромада иштирокчиёни Дави Наврӯзӣ ва Марафони велосипедрониро барои иштироки фаъолонаашон таҳният гуфта ба ғолибон дар се сатҳ, Диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Маркази матбуотии
МИҲД-и ноҳияи Айнӣ