КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ДАШТИ ВАРЗ

Субҳи имрӯз, Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Дашти Варз аз иншоотҳое, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гашта истодаанд дидан кард.
Дар мавзеи дашти “Варз”-и деҳаи Айнӣ барои бунёди 6(шаш) синфхонаи иловагии таълимӣ моҳи сентябри соли гузашта корҳои сохтмонӣ оғоз гардида буданд, ки то ба имрӯз қариб ҳафтод фоизи он ба анҷом расонида шудааст.
Ҳамчунин дар Дашти Варз аз ҷониби соҳибкор Қурбонов Қурбонмерганд бахшида ба ҷашни муҳими давлатӣ Маркази хизматрасонӣ бунёд гардида истодааст, ки дар ояндаи наздик он мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Инчунин дар мавзеи болозикр як қатор иншоотҳо аз қабилӣ: Маркази сӯзишворифурӯшӣ, сехи хишти сементӣ, меҳмонхона, ошхона ва ғайраҳо аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд мегарданд, ки дар соли ҷорӣ мавриди баҳрабардории сокинон ва меҳмонон қарор дода мешаванд.
Зимни боздид аз маҳалҳои сохтмон ва сӯҳбату мулоқот бо сохтмончиён Муродзода Муқим Қаюм таваҷҷӯҳи бинокоронро ба баланд бардоштани сифату самараи корҳои бунёдӣ бо истифода аз масолеҳи хушсифат ва боз ҳам беҳтару хубтар муҳайё кардани шароити арзанда барои сокинони мавзеи дашти “Варз” равона сохт.
Корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Айнӣ бо маром идома дошта, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ фаъолияташро дар ин самт вусъат бахшад.

Маркази матбуотии
МИҲД-и ноҳияи Айнӣ