Конибодом. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнат Шафоат Шаропова ва Алибой Қазоқовро аёдат намуд.

Зимни суҳбат бо собиқадорон Раиси вилоят онҳоро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Иди Наврӯз табрик гуфта, изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят меҳнати фидокоронаи собиқадоронро арҷ гузошта, мунтазам чунин ашхосро дастгирӣ менамояд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба Шафоат Шаропова ва Алибой Қазоқов саломативу рӯзгори ободро таманно карда, ба онҳо туҳфаҳои наврӯзии худро тақдим кард.

Ёдовар бояд шуд, ки Шафоат Шаропова собиқадори соҳаи маориф буда, 40 сол ҳамчун омӯзгор дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 кор кардааст. Алибой Қазоқов бошад беш аз 50 сол дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият бурдааст.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд хабар доданд