ИФТИТОҲИ ХОНАИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАИ ВОТА

Дар ноҳияи Айнӣ бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ, обдонию кабудизоркунии маҳалли зист бо маром идома доранд.
Вобаста ба ин дирӯз дар деҳаи Вотаи Ҷамоати деҳоти Урметан бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм хонаи саломатӣ мавриди истифодаи сокинон қарор дода шуд.
Бинои Хонаи саломатӣ аз ҳисоби маблағҳои Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид бо маблағи 450 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ширкати ҶДММ “Транс Азия Сервис” бунёд гаштааст.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ аз моҳи декабри соли сипаригардида оғоз гашта буд. Хонаи саломатӣ дорои 4 ҳуҷраи корӣ буда, бо таҷҳизотҳои замонавии тиббӣ аз ҳисоби БР СММ куллан таҷҳизонида шудааст.
Ҳамчунин дар Марказ ҳоҷатхона, системаи гармидиҳӣ ва хати оби нӯшокӣ гузаронида шуда, ба талаботи стандартҳои замонавӣ пурра ҷавобгӯ буда, боз чор нафар сокини ҳамин деҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ сокинони деҳаро барои соҳиби боз як бинои пурҳашамат шудан муборакбод намуда, изҳор дошт, ки дар оянда низ корҳои ободониро дар ин деҳа вусъат хоҳад дод.
Маркази матбуотии
МИҲД-и ноҳияи Айнӣ