ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ ДАР МАВЗЕИ АЙНӢ-1

Бахшида ба ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи Наврӯзи ҳуҷастапай субҳи имрӯз дар мавзеи Айнӣ-1 бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сардори хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо, -муовини якуми сардори хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Аламзода Исроил Бобо, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб, намояндагони соҳаи тиббӣ ноҳия, сардорони идораю ташкилотҳо ва дигар сокинон Маркази хизматрасонии тиббӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Марказ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ёров Фирдавс бо маблағи 250 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар ошнаи якум дорухона ва ҳуҷраи рентгени рақамӣ ҷойгир гашта, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраи физиотеропия ва озмоишгоҳ (лабаратория) ҷойгир карда шудааст. Марказ бо стандартҳои замонавӣ сохта шуда, ба талаботи давр ҷавобгӯ мебошад. Бояд гуфт, ки дар марказ зиёда аз 10 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм ҳозирин ва соҳибкорро барои ба истифода додани чунин як иншооти наҷиб таҳният гуфта, зикр намуд, ки: “Рушди соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат мебошад”. Тавре дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст: «Мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким мебахшем».
Маркази матбуотии
МИҲД-и ноҳияи Айнӣ