ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

20 марти соли ҷорӣ дар дар мавзеи Дашти Варзи маркази ноҳияи Айнӣ, майдони фурудгоҳи ноҳия ҷашни пуршукӯҳи Наврӯзи ҳуҷастапай таҷлил карда шуд, ки дар он Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -Сардори хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо, -муовини якуми сардори хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Аламзода Исроил Бобо, намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд, -сардори Раёсати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Урунзода Лоиқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ҳама ташкилоту муассисаҳо, сардорони мақомотҳои қудратӣ, собиқадорони меҳнат, аҳли зиё ва сокинон аз ҳудуди тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ширкат варзиданд.
Саҳн ва даромадгоҳи фурудгоҳ ба базмгоҳи наврӯзӣ табдил ёфта, дар растаю хаймаҳои идона бо риояи анъанаҳои миллӣ суфраҳои наврӯзии ҳафт сину ҳафт шин ва таомҳои миллии хоси Наврӯз, шириниҳои миллӣ, суманак, маҳсулоти соҳаи саноат, ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили намадбофӣ, бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ, кулолгарӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, сабадбофӣ ба намоиш гузошта шуд. Барномаҳои бадеии театрикунонидашуда ва фарҳангӣ, ҳунарнамоии карнайнавозону дойрадастон, қироати суруди “Бойчечак” аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба сокинону иштирокчиёни чорабинии Наврӯзи хуҷастапай рӯҳияи идона бахшид.
Раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм иштирокдорони чорабинӣ ва кулли сокинони ноҳияро ба муносибати фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, таъкид кард, ки бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки ваҳдату ягонагии маънавии мардумро таҳким мебахшанд, ба Феҳристи мероси Созмони Милали Муттаҳид ворид гардида, бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегарданд. Яке аз чунин ҷашнҳои фархунда Наврӯзи хуҷастапай аст, ки моро ба истиқрори сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, барафрохтани чароғи дӯстиву рафоқат, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб, худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд. Таҷлили бошукуҳи Наврӯзи фархундапай дар марҳилаи сифатан нави ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҷиҳати омодагиҳо ба ҷашни мубораку муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани нуфузу эътибори кишвари азизамон мусоидат хоҳад намуд.
Баъдан намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -Сардори хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияи Айниро муборакбод кард. Ҳамчунин намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд, -сардори Раёсати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Урунзода Лоиқ табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.
Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бахшида ба Наврӯз бо барномаи хуби консертӣ ҳунарнамоӣ намуданд. Барномаи рангину пурмуҳтавои фарҳангӣ ва таронаву сурудҳои санъаткорон ба чорабинии наврӯзӣ хотима бахшид.


Маркази матбуотии
МИҲД-и ноҳияи Айнӣ