ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АЙНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ОИЛА

 

Ҳамдиёрони азиз!

Кулли сокинони ноҳияи Айниро бо Рӯзи байналмилалии Оила табрик намуда, дар хонадони Шумо файзу баракат, осмони софу беғубор, дустиву рафоқат ва фарзанддони солимро орзу менамоям.

Бояд қайд кард, ки оила дар ҳама давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида мешавад. Оила нахустин пойдевори иморати мӯҳташами давлатдорист ва ҳарчанд пойдевори иморат мустаҳкам бошад, он ҳамон қадар пойдору бошукӯҳ мегардад.

Оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ дар ташаккули шахсияти инсон аҳамияти муҳим дошта, пойдории он барои рушди босуботи ҷомеа хеле муҳиму зарурӣ мебошад. Воқеан ҳам ҳар як кишвар вобаста ба хусусиятҳои иҷтимоию фарҳангии худ ба оила муносибати хоса дорад. Дар кишвари мо низ оила ҳамчун ячейкаи аввалини ҷомеа эътироф шуда, таҳти ғамхории давлату ҳукумат қарор дорад.

Дар яке аз Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили мубрами ҷомеаро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода, қайд намуданд: “Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон, дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад”. Воқеан, нақши оила ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанди солим, бомаърифату ватандӯст басо бузург аст. Мо бояд чунин оилаҳое бунёд кунем, ки дар он муҳаббати ҳақиқӣ, иззату эҳтироми байниҳамдигарӣ ҳукмфармо бошад. Зеро ки оила ҷузъи хурдтарини давлат буда, чӣ қадаре, ки оила мустаҳкам бошад ҳамон қадар давлат устувор мегардад ва имкониятҳои мо дар бунёди ҷомеаи ҳақиқатан демократӣ зиёд мешавад.

Таърих тӯли садсолаҳо исбот намудааст, ки хонаводаи тоҷик ҳазорон фарзандони фарзонаро ба дунё оварда, ба камол расонд, ки онҳо барои халқу миллати худ хизматҳои шоёни таърихиро ба анҷом расонидаанд. Пас, месазад, ки дар ин марҳилаи муҳиму тақдирсоз, баҳри таҳкими оила ҳамаҷониба талош намоем, то ин муҳит поку беолоиш ва осудаю ором бошад.

Ҷаҳони муосир беш аз ҳар давраи дигар ҳассосу мураккаб гардидааст, зеро пайдоиши бемории сироятии COVID-19 тамоми  аҳолии сайёраро ба ташвиш овардааст. Мутаасифона ин бемори сироятӣ дар кишвари мо низ ба қайд гирифта шудааст. Ба тавсияи табибон чораҳои пешгирикунандаи сироятёбӣ аз ин беморӣ риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, дар хона дар иҳотаи наздикону пайвандон мондан ва ҳамдиливу ҳамзистӣ маҳсуб меёбад. Воқеан, дар ин лаҳзаҳои муҳиму тақдирсоз имрӯзҳо беш аз пеш нақши оила дар ҷодаи ҳифзи саломатии аъзои оила ва ҷомеа басо арзишманду бузург арзёбӣ мегардад. Чун имрӯзҳо наврасону ҷавонон дар паҳлӯи аҳли оила ба таътили пеш аз муҳлат қарор доранд, боварии комил дорем, ки волидон дар камолоти маънавии онҳо ҳиссаи босазо гузошта, баҳри пешгирии сироятёбии худ ва фарзандон аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.

Яке аз масъалаи муҳими дигаре, ки имрӯз боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст, ҷудо шудани оилаҳои ҷавон мебошад

Дар бартараф кардани ин мушкилот низ оила нақши муҳим мебозад ва яке аз сабабҳои ҷудошавиро мо дар дуруст ба роҳ намондани тарбияи фарзандон ва омода накардани онҳо ба ҳаёти мустақилона мебинем.

Мо бояд ба тарбияи фарзандони худ эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дуруст ба воя расонем, маърифати оиладориро ба нури чашмонатон хуб таълим диҳем, ба онҳо маданияту одоб омӯзонем, то онҳо беҳтарин ворисони шумо гардида, кишвари моро бо ақлу дониш, фарҳангу маърифат ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии шоистаи худ зеби даврон гардонанд.

Дар охир бори дигар ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми ноҳияро ба муносибати “Рӯзи байналмилалии оила” табрик намуда, бароятон пеш аз ҳама оилаи солим, тани сиҳат, хонаи обод, хотири ҷамъ ва бахту саодати ҷовидонӣ таманно дорам.

Саломату саодатманд бошед!