КӮМАКИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ТАБИБОН ВА БЕМОРОНИ НОҲИЯИ АЙНӢ

Бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибон ва нафароне, ки ба бемории нави короновирус — COVID-19 гирифтор шудаанд, кӯмаки моддии Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомали Рахмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла ба ноҳияи Айнӣ ворид гардид.

Кӯмаки моддӣ асосан аз молҳои ниёзи аввал ва маводи доруворӣ иборат буда ба тамоми шаҳру навохии вилояти Сугд дастрас карда мешавад

Илова ба маводи доруворӣ ба табибони беморхонаҳои вилоят сару либоси тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак, асбобҳои муҳофизатӣ, моддаҳои безараргардонии антисептикӣ ва дигар воситаҳои техникии тиббӣ кӯмак карда мешавад.

Кӯмаки моддиро раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм қабул намуда аз номи мардуми ноҳия ба Пешвои миллат барои дастгирӣ ва пуштибониву ғамгории саривақтӣ изҳори сипос намуд. 
Ӯ инчунин ба масъулини Беморхонаҳои марказию минтақавӣ ва бахши Кумитаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳия супориш дод, ки кӯмаки саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия расонанд, то ҳамаи табибони ноҳия аз он бархӯрдор гарданд.