Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода табибони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо табибон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот намуд.

Табибони ҷумҳурии ҳамсоя иборат аз 4 нафар табиб эпидемиолог, вирусолог ва эҳёгарон бо мақсади датгирӣ ва табодули таҷрибаи тиббӣ барои мубориза бар зидди  паҳншавӣ ва сироятёбии бемории  COVID-19 бо ҳамтоёни тоҷики худ ташриф оварданд.

Дар мулоқот Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро хайра мақдам гуфта қайд намуд, ки пандемияи бемории короновирус имрӯз зиёда аз 200 давлати дунёро фаро гирифта, он охири моҳи апрел дар Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шуд.  Аз рӯзҳои аввали пайдоиши беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва табобати мубталоёни бемории нави короновирус — COVID-19  ситоди ҷумҳурияви ба фаъолият шурӯъ намуда, дар вилоят бо роҳбарии Раиси вилоят ситоди вилоятӣ шабонарузи амал менамояд. Бо икдоми Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёв аз рӯзҳои аввал кӯмаки башардӯстона ва барои ёрии амали 8 нафар табибони варзидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафарбар карда шуданд, ки ин нишони дӯстии халқҳои ба ҳамдигар дӯсту бародар тоҷику ӯзбек мебошад.

Дар вилояти Суғд барои кормандони соҳаи тиб барои муолиҷаи сокинон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, табибон  бо маводи доруворӣ, либосҳои муҳофизатӣ, антисептикҳо пурра таъмин карда шудаанд. Натиҷаи меҳнати шабонарӯзии табибони тоҷик буд, ки имрӯз дар вилоят сироятёбӣ ба бемории мазкур рӯз аз рӯз коҳиш ёфта истодааст.

Роҳбари гурӯҳ табиби варзидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Неъматҷон Ибрагимов ба Раиси вилоят итилоъ дод, ки гурӯҳи табибони Ӯзбекистон таи ду рӯз дар якҷоягӣ бо ҳамкасбони тоҷики худ дар беморхонаҳои вилоят фаъолият бурда, бо ҳамдигар табодули таҷриба намуданд. Мавсуф қайд намуд, ки дар беморхонаҳои вилоят табибони касбӣ фаъолият доранд. Бисёр методҳои пешрафта ҷавобгӯ ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурсти ба роҳмонда шуда муолиҷаи беморон ба таври профессионали сурат гирифта истодаанд. Зикр карда шуд, ки дар вилоят бо чунин тарзи корбари табибони пуртаҷриба  ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва табобати мубталоёни бемории нави короновирус — COVID-19  дар ояндаи наздик пурра маҳв хоҳад гардид.

Раиси вилоят дар охир барои кӯмак ва дастгирӣ ба табибони кишвари ҳамсоя миннатддорӣ намуда ба фаъолияти касбиашон барору комёбӣ орзу намуд.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд хабар доданд