Шиносоӣ аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва вазъи истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва саҳроӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Рарз ва Шамтуч

20 майи соли равон Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар километри 22-24-и роҳи автомобилгарди Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар мавзеи Осиёи Чашма ҷойгир аст, шинос шуд.

Ёдовар мешавем, ки оби дарёи Зарафшон ҳар сол дар километри 22-24 баланд гардида ба рафту омади мошинҳо монеа эҷод мекунад. Имсол бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти МИҲД-и ноҳия, кормандони МНДРА ҳамарӯза дар ин мавзеъ барои пешгирӣ аз вайроншавии роҳ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида истодаанд. 
Бояд қайд намуд, ки роҳҳои кӯҳистон аз омадани сел, кандашавии ярч, фаромадани сангу шахпораҳо ва дигар офатҳои табиӣ эмин буда наметавонад, вале, дар ҳар сурат масъулон кӯшиш ба харҷ медиҳанд роҳҳои пешгирӣ ва мушкилоти пешомадаро фавран бартараф намоянд.

Ҳамзамон, Раиси ноҳия аз пойгоҳҳои обкашӣ ва рафти киштукори баҳорӣ аз хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти Рарз ва Шамтуч дидан намуд.

Кишоварзони ҷамоатҳои болооби ноҳия имсол аз нисбат ба солхои кабли зироатҳои полезиро 50% зиёд намуда, ба кишти картошка аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.

Раиси ноҳия бо кишоварзон сӯҳбат намуда, ба раисони ҷамоатҳо, раисони хоҷагиҳо ва дигар фаъолон дастуру супоришҳои судманд дода, таъкид намуд, ки бо мақсади таъмини оилаи худ ва таъминоти худи бо картошка, бояд ҳар як ваҷаб заминр самаранок истифода бурда шавад то барои зимистонгузаронӣ ҳаматарафа омода бошанд. Зеро, зимистони соли ҷорӣ, бодарназардошти бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ дар воридоти ҳар гуна маҳсулот аз хориҷи кишвар шояд мушкилиҳо пеш оянд.

 

Маркази матбуоти

МИҲД-и ноҳияи Айнӣ