Тӯҳфаҳои Раиси ноҳия ба ҷавонони дорои имконияташон маҳдуд

Субҳи имрӯз, масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар якҷоягӣ бо кормандони Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон тӯҳфаҳои Раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюмро ба шахсони дорои имконияташон махдуд тақдим намуданд.
Зимни аёдат қайд гардид, ки ҷавонони имконияташон маҳдуд ҳамеша зери ғамхории Ҳукумат хосатан зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва ба ҳаёту фаъолияти онҳо ғамхорӣ зоҳир карда мешавад