Табрикоти Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони хушбахти даврони сохибистиқлолии кишвар!


Аз ҷониби роҳбарияти Олии сиёсии давлату Ҳукумат эътироф шудани ҷавонон ҳамчун ояндасозони миллат, нерўи пешбаранда ва қувваи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа, инчунин эълон гардидани 23–юми май ҳамчун Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, аз он шаҳодат медиҳад, ки воқеан ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ, идомабахши ҳадафҳои олии кишвар ҳастанд.

Мусаллам аст, ки ба муносибати ин санаи муҳим ҳамасола дар сатҳи ноҳия тадбирҳои муҳим роҳандозӣ мегарданд, ки дар доираи он ҷавонони хушзавқи диёр шавқу тараб, шодию нишот ва хушбахтиву хушнудӣ доранд ва ин ҳамаро яке аз шахсони ҷавондўсту ҷавонпарвар, дастгиру ғамхори ҷавонон, Пешвои маҳбуби миллат, Президенти азизи мардуми тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдо сохтаанд.

Дар яке аз баромадҳои худ, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки: “Ҷавонон ҳамчун давомдиҳандагони ҳадафҳои олии мо имрўзҳо бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи ватани маҳбубамон саъю талош карда, дар бештари соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Аксари ҷавонони бонангу номуси кишвар дар пайи таҳсил, интихоби касб ва азхуд кардани техникаву технологияҳои муосир талош намуда, дар дохилу хориҷи мамлакат илму донишҳои муосир ва барои кишварамон заруриро азбар карда истодаанд”.

Дар ин раванд қайд намудан ба маврид аст, ки имрӯзҳо ҷавонони сарбаланду созандаи ноҳияи мо низ дар майдонҳои кору шуҷоат, чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, варзишию ҳунарӣ, сохтмони азими нерўгоҳҳо, нақбҳову роҳҳо, бунёди боғу киштзорҳо ва дар маҷмўъ, дар ободиву шукуфоии ҳар гўшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо рўҳияи баланди ватандўстона машғули кору пайкоранд, ки ин ҳама маҳз бо шарофати сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Давлату Ҳукумат дар роҳи саодати ин ватани маҳбуб такя ба ҷавонон мекунаду ба ғайрату масъулият, диду услуби нави эҷодкориву бунёдкории онҳо, ҳунар ва истеъдоди баланди ин қишри ояндасоз эътимод дорад.
Бинобар ин ҳар яки Шумо, ҷавононро зарур аст, ки дар оянда низ бо илму дониши худ, бо ақлу идрок, истеъдоду малака, қобилияту ташаббусҳои наҷиб, иқдомҳои бунёдкоронаву ақидаҳои ҷолиби созанда, касбу ҳунари муносиб ва бо дарки баланди масъулияти инсонӣ ва ватанхоҳиву хештаншиносӣ дар риштаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолияти самаранок намуда, дар рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистон ва ободиву шукуфоии ин сарзамини биҳиштосо саҳми сазовор дошта бошед.

Бояд коре кунем, ки тафаккури истиқлолхоҳиву ватандўстӣ дар рўҳу равони ҳар як узви ҷомеа, махсусан ҷавонон реша гирад. Истиқлолият неъмати бузургест ва танҳо ҳамон вақт ба қадри он мерасем, ки агар ҳар кадоми мо, ҳамчун шаҳрвандони ин Ватан, сарфи назар аз миллат, нажод ва мазҳаб, худро соҳиби ин истиқлол ва соҳиби ин марзу бум бидонему барои пойдории он ба ҳама гуна фидокорӣ омода бошем.
Табиист, ки ҷавони зираку огоҳ ҳамонест, ки босавод асту пайваста мутолиа мекунад ва аз равандҳои ҷаҳонӣ ақиб намонда, дар ҳар ҳолат манфиатҳои миллӣ ва давлатии худро мешиносад. Ва бо ҳастии худ амнияту суботи Тоҷикистони ободу озодро аз хатарҳои ҷаҳони муосир ҳифз менамояд.
Ватанро дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватанию соҳибдавлатӣ кардан ва эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар яки мову Шумо ҷавонон бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳем ва итминон дошта бошем, ки танҳо дар ҳамин сурат метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.
Ҷавонони азиз ҳамаи Шуморо ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон сидқан табрик намуда, дар симои Шумо ба кулли мардуми шарифи ноҳияи Айнӣ сарбаландӣ, тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ ва сулҳу оромии ҳамешагӣ таманно дорам.
Боварии комил дорам, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузошта, хидматҳои шоиста хоҳед кард.
Бигзор Шумо – ҷавонони соҳибхиради даврони соҳибистиқлолӣ аз пайи таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа раҳсипор шуда, ҳамеша барои хизмати халқу Ватан омода бошед.

Сиҳатманду сарбаланд бошед, ҷавонони саодатманди ноҳияи Айнӣ.