Аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуди ноҳияи Айнӣ аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

21 майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Хайрободи Ҷамоати Дар-Дар ва мавзеи Аслонободи деҳаи Хушекати Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, шахсони дорои маъюбиятдоштаро аёдат намуд.

Ба аёдатшудагон тӯҳфа, маводи ниёзи аввал ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд, Раиси вилоят онҳоро ба муносибати фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.

Таъкид гардид, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла шахсони дорои имконияташон маҳдуд аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати хирадмандонаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон тадбирҳои назаррас ба анҷом расонида мешавад. Аз ҷумла, тибқи қонунгузории амалкунанда барои маъюбон як қатор имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ муқаррар гардидаанд.

Яке аз аёдатшудагон Аюбзода Хомисаи Абдукарим китоби худро бо номи “Ҳикмати Зиндагӣ” ба Раиси вилоят тақдим намуд. Аёдатшудагон ва пайвандони онҳо барои чунин таваҷҷӯҳу ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд