Боздиди Раиси ноҳия Муродзода Муқим аз муассисаҳои томактабии маркази ноҳияи Айнӣ

Тартиби ташкили корҳои пешгирикунанда ва тавсияҳо оид ба хатари паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Айнӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии вируси «Covid-19», ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, Раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм имрӯз санаи 26.08.2020 бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои пешгирикунанда аз боғчаҳои кӯдаконаи маркази ноҳия дидан намуд. Бояд гуфт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ситоди ҷумҳуриявӣ, оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 аз рӯзҳои нахустини пайдошавӣ ва баъдан ба таври расмӣ эълон кардани мавҷудияти он дар ноҳияи Айнӣ чораҳои зарурии санитарию эпидемиологӣ андешида шуда, риояи қойдаҳои пешгирикунанда аз COVID-19 яке аз масъалаҳои асосии масъулин аст.

Маълум гардид, ки дар боғчаҳои кӯдакона корҳои пешгирикунанда аз сироятёбии вируси нав хеле хуб ба роҳ монда шуда, безараргардонии умумии биноҳо бо истифода аз воситаҳо ва маҳлулҳои безараргардонӣ мунтазам гузаронида мешаванд.
Дар муассисаҳои мазкур инчунин ҳуҷраи тиббӣ бодарназардошти корманди миёнаи тиб бо маводҳои доруворӣ ва безараргардонӣ таъмин буда, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Абдушукур Хокирозода иброз дошт, ки риояи қоидаҳои гигиенӣ зери назорати қатъии шахсони масъул қарор дорад.

Зимни боздид аз муассисаҳои томактабӣ Раиси ноҳия аз рафти корҳои пешгирикунанда изҳори қаноатмандӣ намуда, аз роҳбарони боғчаҳои кӯдакона ва дигар кормандони ин муассисаҳо даъват ба амал овард, ки аввал худро ва баъдан кӯдаконро эҳтиёт кунанд ва тавсияҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти вируси COVID-19-ро ҳамаҷониба риоя намоянд.

 

Маркази матбуотии 

МИҲД-и ноҳияи Айнӣ