СТЕЛЛА ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар деҳаю маҳаллаи ноҳияи Айнӣ бо мақсади ободу зебо гардонидани ҷои зист корҳои ободонӣ бо маром вусъат мегиранд.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ пайваста талошу кӯшишҳо ба харҷ медиҳад.

Шоми имрӯз санаи 26 август бо иштироки Раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм дар даромадгоҳи маркази ноҳия, дар Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, Душанбе Самарқанд боз як иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Асосан, метавон гуфт, ки иҷрои он ҳама корҳои ободонӣ дар ноҳияи Айнӣ, хусусан сохтмони бинову иншоотҳои ҷашнӣ, аз қабили бунёди роҳ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, сартарошхона, китобхона, ҳуҷраи хатнакунӣ, ҳаммом, бунгоҳи тиббӣ, дорухона, мағоза, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ ва ғайраҳо, ки то ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, метавонанд симои ноҳияро ба куллӣ зебо намуда, сатҳи хизматрасониро ба мардум дучанд намоянд. Аз ҷониби дигар дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кӯҳистон ва таъмин гардонидани мардум бо ҷойҳои нави корӣ мусоидат кунад.

Маркази матбуотии

МИҲД-и ноҳияи Айнӣ