Табрикоти Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм бахшида ба Рӯзи дониш

Омӯзгорон ва устодони гиромӣ,
хонандагон ва падару модарони муҳтарам!

Имрӯз мо дар остонаи таҷлили ҷашни муқаддасу пурифтихори миллиамон 29 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва бо руҳияи идона соли нави таҳсилро оғоз менамоем. Аз чеҳраҳои хандон ва қалбҳои пур аз суруру шодии муҳассилин, ки бо табъи болида ба таълимгоҳҳо ворид мегарданд, ҳар як бинанда лаззату ҳаловат мебарад ва шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Ватан мекунад.

Бинобар ин бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсилро ба кулли кормандони соҳаи маорифи ноҳия, хонандагону донишҷӯён, падару модарон ва мардуми сарбаланди диёрамон самимона табрик намоям.
Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалй Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ чунин қайд карда буданд: “Мо дар сиёсати худ аз рӯзҳои аввал ба масъалаи омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ба наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, рушди илму маориф ва ислоҳоти ин соҳаҳоро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир ва таҳкими давлат меҳисобем”.

Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки тарбияи наели шоистаи давру замонро вазифаи муқаддаси худ ҳисобида, алоқаи муассисаҳои таълимиро бо падару модарон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ворисони арзандаи худро тарбия намоем. Зеро тарбияи фарзанд раванди мунтазам ва муайян буда, таъхиру дермонӣ ва хатогиро намепазирад. Ҳамзамон қайд бояд намуд, ки дар тарбияи наели оянда ва ба воя расонидани нерӯи тавонои ватандӯсту ватанпарвар нақши омӯзгор ниҳоят бузург мебошад. Бовар дорам, ки омӯзгорони мо ҳамчун зиёиёни пешқадами ноҳия аз ҳамаи имкониятҳои фароҳамовардашуда, истифода намуда, барои тарбияи фарзандони халқ софдилонаю поквиҷдонона хидмат менамоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри ривоҷу равнақи соҳаи маориф пайваста кушиш ба харҷ дода кори мактабу маорифро самти афзалиятнок ҳисобида, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи наели наврас иқдомоти назаррасро ба анҷом расонида истодааст. Зикр намудан ба маврид аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон сохтмону таъмири як қатор муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, синфхонаҳои иловагӣ, таъмини иҷроиши барномаҳои давлатӣ роҳандозӣ шуда истодааст, ки ин ба беҳтар гардидани шароити таҳсил ва таълиму тарбияи насли наврас мусоидат менамояд.
Итминони комил дорам, ки устодону шогирдон, роҳбарон ва масъулони соҳаи маориф дар асоси талаботи имрӯза корро дар соли нави тақсил бо усулҳои наву муосир ба роҳ монда, дар ташаккули насли даврони Истиқлолият, тафаккури шахсияти оянда ҳиссаи арзандаи худро мегузорад ва сатҳу сифати таълиму тарбияро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот беҳтар мегардонанд.

Соли нави таҳсили 2020 - 2021 муборак устодони гиромӣ ва хонандагони азиз.