Айнӣ: Машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳия доир гардид

12 августи соли равон дар Касри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрал машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Айнӣ баргузор гардид.

Дар кори машварат Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб, сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Суғд Сарҳатов Бахтиёр, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Хокирозода Абдушукур, муовинони раиси ноҳия, сохторҳои қудратӣ, роҳбарони ташкилоту муассиса ва корхонаҳои дахлдори ноҳиявӣ, кормандони шуъбаи маориф, директорон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзиданд.

Раиси ноҳия Муродзода Муқим зимни суханронии хеш кулли устодон ва омӯзгоронро бо фарорасии Рӯзи Дониш муборакбод намуда, аз дастоварду муваффақиятҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тараққиёти соҳаи мазкур ёдовар шуд. Қайд гардид, ки бо иқдоми шоистаи Пешвои миллат мардуми шарафманди Тоҷикистон ба ҷашни бузург – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон омодагии хуб дида истодаанд. Рушду нумӯи соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа маҳсуб ёфта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳамин нуктаро таъкид ва баҳри ҷорӣ намудани усулҳои нави таълиму тарбия пайваста ғамхорӣ менамоянд.

Доир ба бурду бохти соҳаи маориф мудири шуъбаи маорифи ноҳия Хокирозода Абдушукур маърӯза кард.
Гуфта шуд, ки маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, омили муҳими пешрафти давлату Ҳукмат маънидод мегардад. Бо ин мақсад маблағгузории соҳа аз буҷети давлатӣ сол ба сол афзуда, барои таълиму тарбияи насли наврас шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад. “Маорифчиёни ноҳияи мо низ бо арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии халқамон ҷиҳати тарбия намудани наслҳои арзандаи давру замон ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардиданд. Натиҷаи иштироки хонандагони ноҳия дар олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ соли равон қобили таҳсин аст”. - иброз дошт Хокирозода
-Аз ҷумла Ҷобирзода Табрезшоҳ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 деҳаи Пете пойи 2-юм ва медали нуқра ва Ҳомидова Муқаддам аз фанни ҳуқук аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ҷойи 3-юм ва медали биринҷиро соҳиб гардиданд-

Гуфта шуд, ки ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1077 нафар ҳуҷҷатсупоридагон 818 нафар (62,2%) тариқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил гардиданд. Инчунин 20 нафар хонандагон ғайри ММТ , 6 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии хориҷи кишвар ва 19 нафар тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил гардиданд. Дар умум шумораи онҳое, ки ба муассисаҳои таьсилоти миёна ва олии касбӣ тариқи ММТ ва ғайр аз он муваффақ шуданд 863 нафар (яъне 62,1%-и хатмкунандагон)-ро ташкил медиҳад.

Раиси ноҳия дар поёни машварат ҷиҳати ҳалли камбудиҳо ва беҳтар кардани сатҳу сифати таълиму тарбия дар назди кормандони соҳа вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дар охири ҷамъомад фаъолон, омӯзгорони беҳтарин, роҳбарони муассисахои пешсафро бо ифтихорнома ва туҳфаҳои молию пулӣ сарфароз гардониданд. Омӯзгоронеро, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳо ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд бо туҳфаи пулии раиси ноҳияи Айнӣ қадрдонӣ гардиданд.

Гуфта шуд, ки дар чунин шакл ҳавасмандгардонии омӯзгорони пешсаф идома дорад.

Маркази матбуотии
МИҲД-и ноҳияи Айнӣ