АЙНӢ: ТАҶЛИЛИ ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ АНГИШТ

Ҳамасола якшанбеи охири моҳи август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди касбии кормандони соҳаи ангишт ҷашн гирифта мешавад.

Вобаста ба ин имрӯз санаи 28.08.2020 дар Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомад инчунин муовини Вазири саноат ва телнологияҳои нав Содиқҷон Рустамӣ, муовини аввали Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Ангишти Тоҷик» Сайфиддин Аслиддинзода ва кормандони соҳаи ангишт дар ноҳияи Айнӣ иштирок карданд.

Нахуст, меҳмонон аз сехи дӯзандагӣ ва маҷмааи варзишӣ дидан намуданд. Бояд гуфт, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» як коргоҳи дӯзандагӣ, толори варзишӣ ва майдончаи фароғатӣ барои истироҳати кормандону сокинони шаҳрак, ки барои 20 нафар ҷойи нави корӣ мусоидат мекунад, дар арафаи Иди касбии ангиштканон мавриди истифода қарор дода шуд. Иншоотҳои болозикр дар сатҳи хеле баланду замонавӣ сохта шуда, сехи дӯзандагӣ ва маҷмааи варзишӣ бо таҷҳизотҳои нави замонавӣ таъмин карда шудаанд.

Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қ. ангиштканонро бахшида ба рӯзи касбиашон шодбош гуфта, аз ҷумла қайд намуд: -Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Рушди соҳаи истихроҷи ангишт ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиии кишвар метавонад, дар пешбурди иқтисодиёти кишвар, таъсис ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ саҳми назаррас дорад. Дар бахши энергетикаи кишвар таъсири ангишт бағоят калон буда, имрӯзҳо рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла иқтисодиёту иҷтимоиётро бе истифодаи ангишт тасаввур кардан душвор аст».

Бояд қайд кард, ки то имрӯз корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» истихроҷи ангиштро ба 545 ҳазор расонид, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 5400 тонна зиёд мебошад. Ҳамзамон ба МБГ-2 шаҳри Душанбе 300485 тонна ангишт интиқол намудааст, ки нисбати нақшаи 8-моҳа 485 тонна зиёд мебошад. Итминони комил дорам, ки кормандони корхона минбаъд низ аз ӯҳдаи вазифаҳои дар наздашон гузошта шуда бо сарбаландӣ баромада, дар рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон нақши назаррас гузошта, бо дарки масъулияти баланд истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Баъдан, муовини Вазири саноат ва телнологияҳои нав С. Рустамӣ, муовини аввали Раиси вилояти Суғд Х. Ҳайдар, директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Ангишти Тоҷик» С. Аслиддинзода, ва директори корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» Фирӯзбек Сайфуллоев баромад намуда, ангиштканонро бахшида ба рӯзи касбиашон табрику муборакбод намуданд.
Дар охир Раиси ноҳия директори корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» Фирӯзбек Сайфуллоевро барои саҳмгузориаш дар рушди деҳот, бахусус барои сохтани коргоҳи дӯзандагӣ, толори варзишӣ ва майдончаи фароғатӣ аз номи МИҲД-и ноҳия изҳори миннатдорӣ намуд.

Сипас, ба кормандони соҳаи ангишт тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаю ифтихорномаҳо супорида шуд.