АЙНӢ: ШАНБЕГӢ БО МАҚСАДИ ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Барои сазовор ва бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани ҷашни пуршукӯҳи миллӣ, санаи таърихии 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ нақшаи амиқи чорабиниҳо тасдиқ карда шудааст, ки мувофиқи он дар ноҳия зиёда аз 500 иншоотҳо аз қабилӣ: коргоҳҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, тиббӣ ва варзишӣ бояд сохта ба истифода дода шаванд.
Вобаста ба ин дар ноҳия корҳои ободкорию бунёдкорӣ бо ҷаҳду талоши Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва мардуми заҳматкашу меҳнатдӯст бомаром вусъат мегиранд.

5 сентябри соли равон бо иштироки Раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм дар назди сохтмони синфҳои иловагии МТМУ-и №1-и ба номи Мақсудҷон Шукурови маркази ноҳия, воқеъ дар Дашти Варз шанбегии умумӣ ташкил карда шуд.
Дар шанбегӣ кормандони идораю ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, фаъолон ва аҳолӣ ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни шанбегӣ гирду атрофи муассисаро аз сангу шағал бо истифодаи воситаҳои техникӣ ва ҷисмонӣ тоза намуда, майдони варзишии назди мактаб ва боғча барои коштани гулу сабзаро омода намуданд. Муассисаи таълимӣ барои 144 хонанда дар арафи анҷомёбӣ буда, дар ояндаи наздик мавриди баҳрабардории сокинон қарор хоҳад гирифт.
Инчунин дар раванди корҳои ободонӣ ва дар доираи 1300-рӯзи меҳнати зарбдор баҳри ободу зебо гардонидани диёр, бо талошҳои Роҳбарияти МИҲД-и ноҳия субҳи имрӯз сохтмончиён ба таъмири шафати яке аз биноҳои калонтарини маркази ноҳия, ки дар он идораҳои Шуъбаи маориф, Нозироти андоз, Раёсати кишоварзӣ, Шуъбаи хизматрасони дар хона ва Бахши бойгонӣ фаъолият мекунанд шурӯъ намуданд.

Раиси ноҳия зимни боздид аз рафти корҳо дар ин мавзеъ бо сохтмончиён аз наздик сӯҳбат намуда, дар интихоби ранги фасади бино кӯмак расонида, таъкид ба амал овард, ки пеш аз ҳама ба сифати кор ва масолеҳи хушсифати сохтмонӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Гуфта шуд, ки дар истиқболи ин ҷашни бошукӯҳ мо бояд сидқан ва софдилона меҳнат карда, онро дар сатҳи зарурӣ, сазовор ва бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирем.