Айнӣ: Ба истифода додани хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Петеи Ҷамоати деҳоти Фондарё

15 сентябри соли равон дар деҳаи Петеи Ҷамоати деҳоти Фондарё бо иштироки Раиси ноҳия Муқим Муродзода хати оби нӯшокӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ба Раиси ноҳия иттилоъ доданд, ки хати оби нӯшокӣ аз тагоби деҳа то макони зисти сокинон 1500 метрро дар бар гирифта, 22 нуқтаи истифодабариро ташкил медиҳад. Бунёди ин иншооти муҳим аз ҷониби Фонди Наҷоти Арал дар Тоҷикистон амалӣ гардида, бо маблағи 137750 сомонӣ ва аз тарафи ҶДММ “Транс Азия Сервис” сохта ба истифода дода шуд.

Раиси ноҳия Муродзода Муқим намояндагони ташкилоти Фонди Наҷоти Арал дар Тоҷикистон ва сохтмончиёнро барои босифат сохтани ин иншоот аз номи МИҲД-и ноҳия изҳори миннатдорӣ намуд.

Сокинони деҳа ин иқдоми наҷибонаро ғамхории навбатии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва самараи татбиқи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.