МАСЪАЛАҲОИ ЗАБОНШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон С. Ятимов

ДУШАНБЕ, 07.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Забон аз қадимтарин замонҳо то ба имрӯз муҳимтарин далели рӯҳи инсонӣ, воситаи асосии муоширати байни одамон, табодули захираҳои маънавӣ ва омили аслии пешрафти тамаддунҳо мебошад. Ва то вақте ки ҷомеаи инсонӣ ҳаст, бо чунин сифатҳо боқӣ хоҳад монд.

Забон ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ, натиҷаи фаъолияти интеллектуалӣ, вокуниши одам ба ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур аст.  Он хотираи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллат мебошад. Неруест, ки қудрат ва тавоноии худро дар ҷараёни ниҳоят мураккабу пурпечу тоби таърихӣ, ки аз муборизаҳо, бурду бохтҳо ва садоқату хиёнатҳо иборат аст, ба намоиш мегузорад.

Майдони набарди забонҳо майдони сиёсӣ аст. Дар ин набард, маъмулан забони гурӯҳҳо, табақаҳои ҷамъиятӣ, синфҳо ва ҳизбҳое, ки аз ҳокимияти сиёсӣ бархӯрдоранд, пирӯз мегардад. Забони ҳоким ҳамчун муҳимтарин абзори сиёсати давлат рафта-рафта чархро дар доираи қаламрави муайяни забонӣ оламгир мекунад.

Бисёр иттифоқ афтодааст, ки дар ҳолати адами қудрати сиёсӣ ҳатто забонҳои дорои собиқаи бузурги фарҳангӣ, захираи фарогири луғавӣ, сохти пурқувват ва озмудашудаи грамматикӣ, фонетика ва хосияти ниҳоят ҷаззоби орфоэпӣ аз байн рафтанд.

Аломатҳои номбаршуда дар роҳи ҳамвор, ҳолати абстракт, рукуди сарбастаи мантиқи семантикӣ, зарфияти маҳдуди ифодаи муҳтаво ва зуҳуроти ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур пайдо намешаванд.

Қудрати забон – қудрати миллат ва намунаи олии дараҷаи рушди диалектикии ҳаёти сиёсию фарҳангии он дар тӯли ҳазорсолаҳост. Мусаллам аст, ки забон, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ бидуни собиқа ва таҷрибаи давлатдорӣ, яъне пуштибонии сиёсӣ имкони такомул надоранд.

Неру ва тавонмандие, ки забон  дар тӯли ҳаёти инсон, дар фазо ва вақт нишон медиҳад, ифодакунандаи назарияи инъикос мебошад. Ҳамин тариқ, воқеият сабабгори пайдоиши мафҳумҳо аст. Мафҳумҳо, истилоҳот ва дефинитсияҳо вақте шакл мегиранд, ҳуқуқи зиндагӣ пайдо мекунанд, ки  ҳастӣ ё ниёзҳои ба он алоқамандро бо таркибҳои овозӣ дар худ таҷассум намоянд.

Ҳамзамон бо ин, қобилияти чунин инъикос дар сохтани дунёи нав, дунёи идеалӣ низ зуҳур меёбад. Он марбут ба мақсадгузорӣ, аз ҷумла,  таъсиси давлати миллӣ, ба вуҷуд овардани дунёи маънавӣ, фарҳанг ва маданияти миллӣ мебошад.

Дар тӯли таърих миллат (хонда шавад забон) ба сахттарин муқобилият ва гоҳо ҳатто тааррузи аҷнабиён ва душманони дохилии ҷонибдори бегонагон рӯ ба рӯ мегардад. Забони миллӣ вақте аз ин набард солим, бегазанд ва пурқувват бадар меояд, агар мардум, махсусан зиёиёни фидокор зарфият ва масъулияти ҳимояи манфиатҳои миллиро ба уҳда бигиранд ва амал кунанд.

Иқдоми ҷавонмардонаи Пешвои миллат барои эълони соли бузургдошти Имоми Аъзам, ҳамчун чеҳраи баргузидаи миллӣ, аз ҷасорати ин пири тариқат барои ҳимояи забони модарӣ, ҳувият ва асолати миллии тоҷикон сарчашма мегирад. Маводи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки ӯ бо дониш, ақлу заковат, далерӣ ва матонат ғосибонро маҷбур кард то бо эътироф кардани забон ба миллаташ низ эҳтиром гузоранд. Маҳз бо чунин сифатҳо забон ҳамчун организми зинда ва субъекти муносибот шинохта мешавад.

Забони комил қудрати фаъоли таъсиррасонӣ, дигаргунсозӣ ва ба тарзи диалектикӣ эҳё намудан, таҳаввулот ва пешрафти миллатро дорад. Дар тӯли таърих забони тоҷикӣ барои соҳибзабонон ҳамин гуна хизматро ба ҷо овардааст. Ва бо ин аломатҳо аз сарчашмаҳои муҳимми омӯзиши рӯзгори миллат гаштааст.

Забоншиносии тоҷик, ҳамчун соҳаи илм, марҳалаҳои гуногуни таърихиро дар бар мегирад. Тибқи он, дар ҳар давра масъалаҳои  ташаккул ва инкишофи лингвистика, лексикология, грамматика, забону услуби асарҳои  бадеӣ ва дигар масъалаҳои  қобили таваҷҷуҳи забонӣ мавриди  омӯзиш, таҳлил ва баррасӣ  қарор гирифтаанд.

Муборизаи устод Садриддин Айнӣ дар масъалаи воқеияти таърихӣ доштани миллати тоҷик аввалин набарди муваффақонаи забоншиносии тоҷик дар давраи нави таърихӣ буд. Дар ин мубориза се омил нақши давлатсозиро иҷро кардааст: якум, таърихи зиёда аз панҷҳазорсолаи миллати тоҷик бо забон ва фарҳанги оламшумули он, дуюм, шахсияте бо донишҳои энсиклопедӣ дар масъалаҳои таърих, забон, адабиёт, этнография, антропологияи миллати тоҷик ва мардумони минтақа, сеюм, сифатҳои ватанхоҳонаи худи Садриддин Айнӣ −  ҷасорат, мардонагӣ, рӯинтанӣ,  сарсупурдагӣ ва шинохти хеш ҳамчун вориси ҳақиқии  миллати тоҷик. Ин омилҳо дар якҷоягӣ сабабгори нотавонӣ, ақибнишинӣ ва оқибат мағлубияти  душманони асолати миллати тоҷик ва забону фарҳанги он гардиданд.

Замони истиқлоли давлатӣ аз лиҳози сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ беҳтарин шароитро барои рушду нумӯи забон ва забоншиносии тоҷик фароҳам овард. Он, барҳақ, ба ҷонфидоӣ, суботкорӣ, ташаббус, кӯшишу ғайрати дар таърихи миллати тоҷик бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут аст.

Агар Исмоили Сомонӣ ҳамчун асосгузори аввалин давлати тоҷикон ва ҳомии забон, илм, маърифат, маданият, фарҳангу адаби миллати тоҷик маъруф гашта бошад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бузургтарин абармардони таърих аст, ки на танҳо давлати навини тоҷиконро дар шароити ниҳоят мураккаб ва фоҷиабори ҷанги таҳмилии дохилӣ, парокандагии миллӣ, рақобати шадиди геополитикӣ асос гузошт, балки дар роҳи эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ − таърих, забони модарӣ, маданият, фарҳанг, фидокориҳои бемисл нишон дод. Бо ибораи дигар, баробар бо наҷоти миллат нақши  наҷотбахши забони ӯро низ ба ҷо овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои шахсӣ тавассути Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ ва иқдомоти баробар ба онҳо мақом ва нуфузи забони модариро дар баландтарин поя гузошт. Донистан ва дар фаъолияти расмии давлатдорӣ, муносиботи байналхалқӣ  афзалият бахшидан ба онро аз муҳимтарин вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард. Дар замони раҳбарӣ – давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба манзалати фарогиру устуворе соҳиб гардид, ки дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи мардуми тоҷик забони модарии мо дар чунин манзалат намеистод ва истода ҳам наметавонист.

 Пешвои миллат дар китобу мақолаҳои илмӣ, суханрониҳои сиёсӣ, гуфтугӯҳои мустақим бо аҳли зиё ва мардум муҳимтарин масъалаҳои забоншиносии тоҷикро мавриди омӯзиши дақиқ, таҳлилу арзёбии амиқ қарор дод. Боиси ифтихор аст, Роҳбари давлат дидгоҳи хешро бо забони шево, лаҳни гуворо, барои омма фаҳмо, бо истифода аз далелҳои раднопазири таърихӣ ва санъати бузурги сухандониву суханварӣ иброз медорад.

Дар таҳқиқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин масъалаҳои забон ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ, омилҳои иҷтимоии пайдоиш, ташаккул ва рушди забони модарӣ, муносибати забон ба сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, нақши он дар хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ ва пешрафти ҷомеа, таъмини ваҳдат, амнияти миллӣ, забон ва ҳусни баёни адибони классик ва муосир мавриди омӯзиши илмӣ қарор гирифтаанд.

Инҳо аз масъалаҳое мебошанд, ки предмети таҳқиқоти моро дар доираи рисолаи мазкур дар бар мегиранд.

 МЕТОДИ ТАЪРИХӢ ВА ТАҲҚИҚИ МАСЪАЛАҲОИ ЗАБОНШИНОСӢ

Дар маҷмӯъ, забоншиносӣ ҳамчун илм дар натиҷаи омӯхтани таърихи халқу миллатҳо арзи вуҷуд кардааст.

Ҳамчуноне ки барои донистани табиати инсон этнография, география, археология ва физиология аҳамияти басо муҳим доранд, барои дарки онтологии забоншиносӣ донистани таърихи забон ҳамин гуна нақшро мебозад. Ба ибораи дигар, «бе муносибати таърихӣ нисбат ба далели забон илм дар бораи забон вуҷуд дошта наметавонад» (А. С. Чикобава).

Ҳангоми таҳқиқи зуҳуроти марбут ба забон методҳои гуногуни таърихӣ истифода мешаванд. Методи таърихӣ-мантиқӣ яке аз онҳо ба шумор меравад. Арзишмандии объективӣ ва онтологии усули зикргардида иборат аз он аст, ки пайдоиш, инкишоф ва камолоти объекти омӯзиш аз оғоз, зина ба зина мавриди таҳқиқ қарор дода мешавад.

Дар чаҳорчӯбаи методи таърихӣ мундариҷаи омӯзиш ҷаҳони мушаххаси зуҳуротро ошкор месозад. Услуби мантиқи онро бо асоснок кардани алоқамандиҳои дохилӣ пурра мегардонад, тафсир менамояд (Ниг. Лысманкин Е.Н. Историческое и логическое в учении об общественно-экономических формациях//Проблемы социального познания. ­− М.: 1984).

Дар таҳқиқоти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин талабот ҳамчун асоси воқеӣ барои далелнок кардани назарияи пайдоиш ва рушду нумӯи предмети омӯзиш − забони тоҷикӣ  истифода мегардад: «Забони зиндаи тоҷикии форсии дарӣ идомаи таърихии ҳамон забонест, ки бо он «Авасто»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки «Худойнамак»-у «Таърихи мулуки Аҷам»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки бо такомулу таҳаввулаш дар даврони ислом «Шоҳнома»-ву «Маснавии маънавӣ»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки дар ҷомеаи шӯравӣ ба ҳар навъе аз буҳрони фарҳангӣ худро ба саломат то истиқлолияти фарҳангиву сиёсӣ расонд ва ҳатто тавонист давоми сарнавишти соҳибашро бо қалами Айниву Турсунзода ва аллома Ғафуров бинависад» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. − С. 139-140).

Мақсади асосии илм муайян кардани воқеият мебошад. Ба хотири дарки  объекти омӯзиш, яъне мураккабтарин падидаи олами ҳастӣ − забон истифодаи усули таърихиву фарҳангӣ тавъам бо методи мантиқӣ имкони озоди таҳқиқи фарзияҳои пайдоиш ва инкишофи лафзи модариро фароҳам меоварад. Зинаҳои рушду камолот ва нерумандии забонро бо дарназардошти замону макон ва ҳадафи таҳқиқро барои дарки беҳтари хонанда равшан месозад: «Забони нобу шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ ҳанӯз дар дарбори Тоҳириёну Саффориён, сипас дар дарбори Сомониён чун забони идораи давлату коргузории вазоратхонаҳо ривоҷ пайдо карда буд» (Ҳамон ҷо. ­− С. 193).

Ин масъала аз ҷониби академик Бобоҷон Ғафуров ба чунин тарз таъкид мегардад: «Хуллас, дар асрҳои IХ-Х дар Мовароуннаҳру Хуросон умумияти азими этномадание ташаккул ёфт, ки давлати Тоҳириён, Саффориён ва алалхусус, Сомониён тақрибан пурра ба ҳайъати он дохил мешуданд» (Б. Ғафуров. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. – Душанбе:  Дониш, 2008. ­− С. 375).

Илова ба ин, аллома Бобоҷон Ғафуров таърихи пайдошавии вожаи «тоҷик» ва хосияти фарқкунандаи  рӯҳиву равонии ин  миллатро ҳамчун аломати фарқкунандаи қавмию нажодии он бо истинод ба сарчашмаҳои таърихӣ чунин таъкид месозад: «Ин умумияти этникӣ фақат дар миёнаҳои асрҳои Х-ХI ва ё худ дар нимаи аввали асри ХI соҳиби ном шуд. Ба қавли Байҳақӣ, соли 1043-44 яке аз муқаррабони султон гуфтааст: «Мо, ки тозик ҳастем…» То ин дам «тозӣ» гуфта, арабҳоро дар назар доштанд. Худи ҳамон Байҳақӣ ривоят мекунад, ки дар муҳорибаи назди Дандонақон (1040) ҳиндуву арабу курдҳо фирор карданд ва танҳо сарбозони тозик бо ҷасорат ҷангиданд.       Хуллас, дар нимаи аввали асри ХI истилоҳи «тоҷик» номи он халқе гардид, ки дар Осиёи Миёна ва Хуросон ташаккул ёфт» (Ҳамон ҷо. − С. 375).

Муаллифи китоби «Тоҷикон», ки барҳақ, аз ҷониби Сарвари давлат ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардидааст,  дар баробари зикри далелҳои таърихӣ доир ба ҷараёни шаклгирии истилоҳи номи халқ, сифат ва маънавиёти фарқкунандаи ин падидаи этникиро низ ёдовар мешавад.

Кӯшишҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аз таъкиди бевоситаи дарки аҳамияти забони модарӣ оғоз мегарданд. Сарвари тоҷикон ба ин масъала аз нигоҳи фарҳангӣ муносибат карда, назарияи худро нисбат ба масъалаҳои забоншиносии тоҷик бо истифода аз методи муқоисавию таърихӣ асоснок мекунад.

Ҳангоми омӯзиши назарияи Роҳбари давлат дар хусуси ҷанбаҳои таърихи тамаддуни миллати хеш суханони забоншиноси маъруфи немис Я. Гримм ба хотир мерасанд. Ӯ гуфтааст: «Забони мо таърихи мо мебошад». Ва дар асарҳои худ «Грамматикаи немисӣ», «Таърихи забони немисӣ»,  ки ба масъалаҳои омӯзиши забоншиносии таърихӣ бахшида шудаанд, махсус таъкид мекунад: – «Барои аз лиҳози таърихиву маданӣ бозсозӣ кардани халқҳо дар муқоиса бо устухонҳо, силоҳ ва қабрҳо, шаҳодати зиндае вуҷуд дорад – он забони ӯст» (JGrimm. Geschichte der deutschen Sprache.  1880. – Р. 4.).

Ҳамин тариқ, дар илм мафҳуми забоншиносии палеонтологӣ пайдо шудааст, ки тавассути расидан ба умқи калима ва этимологияи он фарзияҳои гуногуни таърихӣ мавриди санҷиш, муқоиса ва хулосабарорӣ қарор мегиранд, ки онро метавон археологияи лингвистӣ низ номид.

Пешвои миллат дар таҳқиқи масъалаҳои забоншиносӣ принсипи таърихиятро тавъам бо методи системавӣ ва сохториву функсионалӣ муваффақона истифода бурдааст. Маҷмӯи чунин муносибат ба арзёбии муҳимтарин қисмати сарнавиштсози халқ имкон додааст, ки «имрӯза дар гузашта» бо далелҳои эътимодбахши дар муддати садсолаҳо тасдиқгардида исбот карда шавад: – «Тоҷикон дар миёни халқияту миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардуми соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсоларо маҳфуз дошта, имрӯз низ шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо нафар шоирону адибони гузаштаро озодона мефаҳманд ва дар гуфтугӯйи ҳаррӯзаашон истифода мекунанд» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. − С. 190-191).

Ҳам дар таҳқиқоти Роҳбари давлат ва ҳам дар омӯзиш ва хулосабарориҳои илмии академик Б. Ғафуров масъалаҳои забоншиносии тоҷик дар алоқамандӣ бо воқеаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ − таҷрибаи таърихии миллати тоҷик дар муносибат бо дигар халқу миллатҳо  баррасӣ гардидаанд. Ба қавли асосгузорони материализми илмӣ «Сохтани алоқаҳо ва пур кардани онон бо далелҳо мумкин нест. Баръакс, алоқаҳоро аз маҷмӯи далелҳо бояд пайдо намуд». Омӯзиши саҳифаҳои таърихи Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои фаротар аз он дар алоқамандӣ бо таърихи миллати тоҷик ва забони модарии мо аз ҳамин принсип сарчашма гирифтаанд.

СИЁСАТ ВА ЗАБОН

Тавре хотирнишон гардид, забон ҳодисаи ҷамъиятӣ аст ва ба ҳамаи табақаҳои иҷтимоии ҷомеа баробар хизмат мекунад. Дар айни замон, забон муҳимтарин воситаи амалӣ кардани мақсадҳои сиёсӣ низ мебошад. Ташаббускор ва барандаи сиёсати забонӣ − табақаи ҳукмрони ҷомеа аст, ки захира ва имконоти иқтисодиро дар ихтиёр дорад. Ин ҳолатро, тавре эътироф гардидааст, базис ё пойдевори давлат меноманд. Чунин сохтор ҷаҳонбинии ба худ мувофиқи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, динӣ, адабӣ ва фалсафиро ба вуҷуд меоварад. Ба қавли асосгузорони материализми илмӣ идеологияи синфи ҳукмрон – идеологияи ҳукмрон хоҳад буд.

Асос гузоштан ва ташаккул додани тарзи ҷаҳонбинии ба сохти давлатдорӣ мувофиқ аз наздиктарин ва муҳимтарин вазифаҳои раҳбарияти сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Табақаи ҳукмрон, сарфи назар аз майлу хоҳиши мардумони қаламрави зердаст, бо кулли имконот забон, фарҳанг, маданият ва урфу одати хешро ба хотири расидан ба мақсадҳои сиёсии худ ҷорӣ менамояд. Дар таърих ва замони муосир далелҳои зиёд ҳастанд, ки синфи ҳукмрон, новобаста аз мансубияти миллиашон, ба хотири нигоҳ доштани қудрати сиёсӣ, нисбат ба забони модарӣ, ба забони бегонагон афзалияти бештар додаанд ва ин амали худро ба сари миллат маҷбуран бор кардаанд.  Чунин тарзи ҳукмронӣ ба сохти теократии давлатдорӣ хос аст. Барои фаҳмидани ҳуҷҷатҳои расмии чунин кишварҳо хонанда бояд ба луғоти забони миллате муроҷиат кунад, ки решаи эътиқодот ба он мансуб аст.

Зуҳуроти ҷамъиятӣ, ҳам хосиятҳои умумӣ ва ҳам махсус доранд. Хосияти алоҳидаи зуҳурот онҳоро аз дигар шаклу падидаҳои ҷамъиятӣ фарқ мекунонад. Падидаҳое, ки бо аломатҳои сохторӣ ва функсионалии худ аз дигар зуҳуроти материалӣ ҷиддан фосилагирӣ мекунанд, муҳимтарин, асоситарин ва умдатарин хосияти фарқунандаи ҷисм мебошанд. Маҳз ҳамин аломати онро моҳият (ҷавҳар, асос)  номидан мумкин аст. Ҳар замоне ки моҳияти ҷисм аз лиҳози сохторӣ ва муайянкунандагӣ тағйир ёфт, зуҳуроти он низ шикаст мехӯрад. Талабот нисбат ба забон ҳам чунин қонунмандиро истисно намекунад. Дар ин маврид, Пешвои миллат, барҳақ, ҳушдор медиҳад: «Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад. Ба ибораи дигар, фанои забон, фанои миллат аст» (Ҳамон ҷо. − С. 165).

Истилогарон, тавре ишора гардид, мекӯшанд ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти худро, маҳз тавассути забони худ, ки таҷассумгари асосии сиёсат ва идеологияи онҳо мебошад, ба дигарон таҳмил кунанд.  Муносибати ғосибон ба забони миллатҳои зердаст аз ҳамин муҳтаво сарчашма мегирад. Аммо чунин андешаи бегонагон, мумкин аст на ҳама вақт амалӣ гардад. Он ба қудрати забон-лексика, семантика, семасиология, грамматика, фарҳанг ва иродаи соҳибзабонон − мардуми бумӣ вобастагӣ дорад.

Ба қавли академик Бобоҷон Ғафуров, истилои аҷнабиён дар асри VII ҷараёни ташаккулёбии халқи тоҷикро то як андоза ба таъхир андохт. Аммо то он замон забони дарии тоҷикӣ аз лиҳози таркиби луғавӣ ва сохти грамматикӣ дар тамоми соҳаҳо тасаллут пайдо карда буд. Дар минтақа бузургтар аз он неруи таҷассумгари «шакли материалии фикр» ва «воситаи муоширати байни одамон» вуҷуд надошт. «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, асарҳои илмӣ ва бадеиву таърихӣ нишонгари фарҳанги воло ва василаи тавонои инъикоси зуҳуроти табиат, ҷамъият ва тафаккури давраи тоисломии халқи тоҷик мебошанд. Омили аслии ба вуҷуд наомадани ассимилятсияи забони тоҷикӣ ва эмин мондани тоҷикон ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ забон ва абармардони миллат буданд.

Забони тоҷикӣ бо зарфияти бузурги маънавии хеш хосияти фарогирии оммаи васеъро дар қаламрави Мовароуннаҳр ва Хуросон дар худ нигоҳ медошт.  «Ба хотири он ки забон маҳсули тафаккур аст, тавассути он имкон надорад чизеро ифода кард, ки хосияти умумӣ надошта бошад» (Г. В. Ф. Гегель. Энциклопедия философских наук. Т. 1. Наука логики. − М.: Мысль, 1974. − С. 114). Муҳтаво ва қобилияти фарогир будан муҳимтарин сифати забонҳост. Хушбахтона, забони тоҷикӣ ба гурӯҳи чунин забонҳо дохил мешавад.

Б. Ғафуров, аз ҷумла, дар бораи мавқеи забони форсии дарӣ менависад: «Навиштаҷоти форсӣ (аниқтараш форсии миёна)-и асрҳои VII-VIII, ки дар қарибии Марв ёфт шудааст, равшан далолат мекунад, ки дар ин давра дар он ҷойҳо бо забони форсӣ (тоҷикӣ, ки онро «забони форсии дарӣ» ё худ «забони форсӣ» ҳам номидаанд) ҳарф мезаданд. Мувофиқи маълумоти пурарзиши ал-Чаҳшиёрӣ, то худи соли 742 дар Хуросон хати форсиро кор мефармуданд (эҳтимол, ин хат дар асоси ҳуруфоти паҳлавӣ тартиб ёфта буд) (Б. Ғафуров. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. – Душанбе:  Дониш, 2008. – С. 370).

Дар идомаи фикри худ академик Б. Ғафуров таъкид месозад, ки забони форсӣ то омадани арабҳо дар Балх ҳам паҳн гардида буд. Шеърҳои  ниҳоят машҳури мардумӣ, ҳаҷвияҳо дар бораи шикасти арабҳо, ки махсусан дар сарзаминҳои қисмати ҷанубии Мовароуннаҳр рӯй медод,  аз ҳамин хусус гувоҳӣ медиҳанд.

Дар ин шароит фарҳанг, забон, тарзи тафаккур, урфу одат ва рӯҳи ба он созгори тоҷикият, ки дар байни халқи тоҷик торафт решадор мегардид, ҳамчун идеяи сарҷамъкунанда ва ваҳдату ягонагӣ ба неруи воқеӣ мубаддал гардида, мардумро дар муқобили фарҳангу забони бодиянишинон қувват мебахшид.

Тибқи назарияҳои боэътимоди забоншиносии таърихӣ (В. С. Расторгуева, И. Абаев, А. Серебренников) яке аз воситаҳое, ки ба муқобили ассимилятсияи забонҳо ва ворид шудани калимаҳои бегона ба ин ё он забон истодагарӣ мекунад, сохти грамматикии забон мебошад. Ҳамзамон бо ин, таркиби бойи луғавӣ, ки барои  грамматика ҳамчун маводи тайёри ташаккули категорияҳои морфологӣ ва синтаксисӣ хизмат менамояд, иқтидори рақобатпазирии забонро таҳким мебахшад. Бояд гуфт, ки забони тоҷикӣ чунин сифатро ҳанӯз аз давраҳои бостон доштааст.

Дар ҷараёни истилои арабҳо, ки мақсад аз он тавассути ақидаҳои динӣ забт кардани қаламрави сарзаминҳои бегона буд, аҷнабиён на танҳо ба муқовимати шадиди мардумони Мовароуннаҳр дучор шуданд, балки баъди расидан ба мақсад ҳам наметавонистанд танҳо тавассути забону фарҳанги хеш нақшаҳои стратегии худро ба пуррагӣ роҳандозӣ намоянд. Онҳо маҷбур мешуданд аз забони дарӣ ҳамчун воситаи сиёсӣ истифода баранд. «Мувофиқи ривояти ҳадисҳо, забони форсӣ дар ҳамон давраҳо ва зотан дар давраҳои сонитар ҳам, василаи муҳимми тарғиби дини ислом буд. Ба қавли Наршахӣ (асри Х) дар як масҷиди Бухоро, ки соли 713 бино шуда буд, Қуръонро ба забони форсӣ қироат мекардаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 371)Чунин вазъият аз шуҷоат, мардонагӣ ва рӯҳи шикастнопазири аҷдоди миллати тоҷик ва қудрати забони модарии мо шаҳодат медиҳад. Дар идомаи сухан аллома Бобоҷон Ғафуров бо ифтихор менависад: «Ҳодисае маълум аст, ки соли 728 яке аз воизони дини ислом аз тарғиби дин дар Самарқанд фақат ба ҳамин асос даст кашидааст, ки забони форсиро ба хубӣ намедонистааст» (Ҳамон ҷо. − С. 371).

Дар афкори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши фарзандони баору номуси миллат, ки ба ивази ҷони худ забон, фарҳанг, таърих, маданият ва анъанаҳои миллиро ҳифз кардаанд, мақоми хосса дорад.

Омӯзиши китобу мақолаҳои илмии Пешвои миллат аз он шаҳодат медиҳанд, ки зуҳуроти камназири таърихӣ – зинда мондани забони тоҷикӣ дар замони истилои араб ва ҳазорсолаи ҳукмронии бегонагон ҳамчун мавзӯъ ва ҳадафи илмӣ муайян шудаанд. Роҳбари давлат дар ин маврид ба ҳамаи саволҳо бо далелҳои эътимодбахш посух медиҳад. Хулосаи асосгузорони материализми илмӣ иборат аз он аст, ки «Идеяҳо, дар умум, ҳеҷ коре карда наметавонанд. Барои роҳандозӣ кардани идеяҳо одамон лозиманд, ки қувваи амалиро истифода баранд». Ҳангоми таҳқиқ Пешвои миллат хизматҳои фарзандони фарзонаи миллатро якояк номбар ва ҳамчун намунаи садоқат ба мардуми хеш муаррифӣ мекунад: «Маҳз бо кӯшишҳои Имоми Аъзам ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони ибодати динӣ нақш ва аҳамияти махсус дода шуда, он дар байни диндорон ҳамчун забони дуюми аҳли биҳишт эътироф гардидааст» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. − С. 137).

Дар илми забоншиносӣ мафҳуми «буриши якдигарии забонҳо» маъруф аст. Он, махсусан, дар шароити нобаробарии сиёсӣ ҳамчун натиҷаи адами мувозинати иҷтимоии халқу миллатҳо ба вуҷуд меояд.

Тавре хотирнишон гардид, забони ҳоким бо истифода аз захираҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва кулли имконот мекӯшад дигар забон ё гурӯҳи забонҳоро дар худ «ҳазм кунад» ва ба ҳамин тариқ ғолибияти худро дар қаламрави мавриди таваҷҷуҳ таъмин созад. Ҷараёни ассимилятсияи забон ё гурӯҳи забонҳо маҳз дар чунин шароит ба вуҷуд меояд.

Дар ин ҳолат, забони мардуми  бумӣ ҳамчун муҳимтарин воситаи истодагарӣ кардан ва мубориза бурдан нақши худро на ба тарзи одӣ, абстракт, худ ба худ, балки тавассути бузургони миллат ба намоиш мегузорад. Эҷод кардан ва ба аҳли башар пешниҳод намудани   асарҳои илмӣ, илмиву таърихӣ ва бадеӣ воситаи аслии нишон додани   қудрати маънавии халқ барои ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебошад.

Роҳбари давлат ба қаҳрамониҳои фарзандони халқи тоҷик ҳамеша арҷгузорӣ мекунад. Кӯшиш менамояд, ки хотираи онҳоро ҷовидон гардонад. Тавассути овардани далелҳои таърихӣ ба ҳамватанон, махсусан зиёиён − шоирон, нависандагон, олимон, кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муаллимони мактабҳои оливу миёна, донишҷӯён, касоне, ки мансуб ба табақаи андешаву эҷод ҳастанд, маъниву мантиқи арзишҳои тоҷикиятро гаштаву баргашта ва возеҳу равшан фаҳмонад ва бузургони гузаштаи миллатро ҳамчун намунаи пайравӣ муаррифӣ намояд: – «Лозим ба ёдоварист, ки дар аҳди Сомониён Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ тарҷума гардида, мардум ибодатро ба забони модарӣ анҷом медод». Ва хулосаи воқеии худро бо ифтихор эълон менамояд: «Ин нишони эҳтироми бепоёни мардум ба асолат ва забони модарӣ ва кӯшишҳои халқи тоҷик барои ҳифзи забон ва суннатҳои ниёгон буд» (Ҳамон ҷо. − С. 163).

Дар ин маврид таълимоти хирадмандонаи Пешвои миллати тоҷик дар бораи забон бо афкори  олимони маъруфи дунё мувофиқ  меояд. Чунончӣ, файласуфи машҳури немис Г. В. Ф. Гегел эълон медорад: «Забон бузургтарин неру дар ҷомеаи инсонҳост» (Г. В. Ф. Гегель. Работы разных лет в двух томах. Т. 2. − М.: Мысль, 1973. − С. 192).

Хотираи аслии миллат хат, осори хаттӣ ва муҷассамаҳои таърихи бостон мебошанд. Маводу масканеро, ки истилогарон имкон доранд, нобуд мекунанд, то чунин ёдгорӣ боқӣ намонад. Мақсад: наслҳои баъдина набояд гузаштаи худро донанд, онро тозаву равшан тасаввур намоянд, «одами нав», «олами нав» созанд, ҷаҳон ва таърихи онро аз дидгоҳи ғосибон бубинанд, арзёбӣ кунанд, нисбат ба таърихи миллати худ ҳамчун ба «даврони ҷоҳилия»  нафрат дошта бошанд, гузашта ва имрӯзи худро аз варақи сафед оғоз намоянд ва дар доираи ҷаҳонбинии фармоишӣ ҷонсупорӣ кунанд. Онҳо мекӯшиданд, ки маркази идоракунандаи маънавиёт ва арзишҳо на ҷавҳари хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, яъне тоҷикият ва ватани аҷдодӣ, балки хосияти бегонагии фосилавӣ дошта бошад.

Фоҷиаи бузурги шикасти салтанати Сомониён, кӯшишҳои барқарор кардани ҳокимияти сулолаи Манғитиён тавассути ҳаракати зиддитоҷикии босмачигарӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ бо зуҳуроти ба ном «муҷоҳидин» − генотсиди миллӣ  бо имконоти   пулӣ, молӣ ва пуштибонии маънавии аҷнабиён маҳз аз андешаи душманӣ нисбат ба асолати миллӣ сарчашма мегирад.

Бобоҷон Ғафуров дар ин маврид хотиррасон мекунад. «Истилои Эрон ва Осиёи Миёна аз тарафи арабҳо ва мусулмонкунонии аҳолии мамлакатҳои забтшуда (асрҳои VII-VIII ва давраҳои баъдина) пайваста бо нест кардани осори хаттии қадим ва алифбои мардуми гуногуни эронизабон – алифбои паҳлавӣ дар Эрон, суғдӣ ва хоразмӣ дар Мовароуннаҳр, бохтарӣ дар Бохтари таърихӣ (Тахористон) ва ба ивази онҳо зӯран ҷорӣ кардани забон ва алифбои арабӣ ба вуқӯъ меомад» (Б. Ғафуров. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. – Душанбе:  Дониш, 2008. − С. 374).

Ҳадафи аслии ин зӯргӯӣ батадриҷ аз байн бурдани забонҳои мардумони ин сарзаминҳо, анъана ва урфу одатҳои онон ва ба ҳамин тариқ ба асрҳои аср тамдид кардани султаи сиёсии аҷнабиён буд.

Маҳз дар чунин шароит зарурати омӯзиши таърихи забони модарӣ, махсусан, грамматика ва таркиби асосии луғавӣ, услуби баён, муқоисаи он бо захираи луғавии «забонҳои ҳоким», шакл,  мундариҷа ва неруи тафаккурии соҳибзабонон, қобилияти рақобати забони мардумони бумӣ дар муҳити нобаробари сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба миён меояд. Чунин таҳлил дар шароити ниҳоят мушкили таърихӣ асоснокӣ ва зарурати омилҳои истодагарӣ карда тавонистани забони тоҷикиро дар муносибат бо дигар забонҳо, баръало нишон медиҳад.

Роҳбари давлат ҳамчун эҳёгари воқеии арзишҳои шукӯҳманди таърихӣ замони салтанати Сомониёнро бо ифтихори бузург ёдовар мешавад. Рушду нумӯи забони тоҷикиро натиҷаи истиқлоли давлатӣ мешуморад ва омилҳои асосиеро, ки забони модарии мо маҳз тавассути онон мақоми оламшумул пайдо кардааст, номбар мекунад: «Дар аҳди Сомониён забони тоҷикӣ ҳамчун забони шеъру шоирӣ, забони илму адаб бо покиву шириниаш воқеан оламгир шуд. Ва, албатта, ин мартабаи олиро ба забони тоҷикӣ, пеш аз ҳама, соҳиби он – халқи тамаддунофари мо, адибону олимони хушкалом ва меҳанпарастамон − бахшидаанд» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – С. 161).

Ҳангоми арзёбии масъала Пешвои миллат ҳифз кардани бузургтарин арзишҳои миллиро яке аз мушаххасоти бузурги  забони тоҷикӣ медонад: «Забони тоҷикӣ на фақат ҷавҳари ҳастии миллати мо, балки нишонаи барҷастаи қадимӣ будани фарҳанги мост. Таърих гувоҳ аст, ки аҷдоди тоҷикон борҳо бо нерумандтарин истилогарон рӯ ба рӯ шудаанд, вале бо бартарии фарҳанг, асолати ойину суннатҳо ва андешаи миллии худ бар онҳо ғолиб омада, ҳувияти миллии худро нигоҳ доштаанд» (Ҳамон ҷо. – С.168).

Омӯхтани забон дар ҳама давру замон аз масъалаҳои рӯзмарраи забоншиносӣ мебошад. Муваффақ будани миллатро дар муҳимтарин соҳаҳои давлатдорӣ – назария ва  амалияи сиёсӣ  ва ҳуқуқшиносӣ, Гегел дар неруи тафаккури миллат, ки тавассути нутқ ифода мегардад, мешуморад. Сабаби «нишонрас будани муҳокимаронии франсавиҳо ба тарзи равшан ва мушаххас ифода кардани маъниҳо дар  нутқи  шифоҳӣ ва хаттии онҳост. Забони онон тавассути қоидаҳои ниҳоят ҷиддӣ танзим карда шуда, тартиби муайян ва алоқамандии фикрҳоро таъмин менамоянд. Маҳз барои ҳамин франсавиҳо намунаи барҳақи пайравӣ дар шакли ифодаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд» (Г. В. Ф. Гегель.  Энциклопедия философских наук. Т. 2. Философия духа. – М.: Мысль, 1977. − С. 71).

Тафаккур муҳимтарин воситаест, ки маҳз тавассути он ҳодисаҳои табиат ва ҷамъият дар шакли идеалӣ ифода меёбанд. Чунин инъикос бо фонди луғавӣ ва сохтори грамматикӣ сурат мегирад. Аммо шакли материалии андеша фақат дар забон воқеият пайдо мекунад. Тавре дар назарияи Гегел мебинем, маҳз баробарвазнии ифодаҳо нисбат ба воқеият, ки илми мантиқ ҳам ба он вобаста аст, бо иловаи низоми ҷиддан обутобёфтаи морфологӣ ва синтаксисӣ забонро хосияти  ҷаҳоншумулӣ мебахшад. Тибқи меъёри номбаркардаи файласуфи немис ҷабҳаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ муҳимтарин майдони озмоиши забон мебошанд. Сеюм, зарфияти мавзӯъ, мундариҷа ва истилоҳоти илмиро дар доираи фонди луғавии забон низ бо боварии том метавон  ба он илова кард.

Андешаҳои Пешвои миллат хулосаҳои Гегелро дар бораи аломатҳои нерумандии забон тасдиқ мекунанд: «Ногуфта намонад, ки забони коргузорӣ ва илму адаби давлати Салҷуқиёни Рум забони тоҷикӣ буд ва ба шарофати чунин фазои мусоиди фарҳангӣ барои инкишофи илму ирфон, ҳикмату фалсафа ва шеъру адаби аҳли Хуросони Бузург ва сарзамини Эрон шароити  созгор фароҳам омада буд (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – С. 137).

Ҳамин тариқ, забони тоҷикӣ дар муборизаҳои шадид бо забонҳои ғосиб ҳамеша ғолиб омадааст. Яке аз сабабҳои шикасти он забонҳо ҳолати ҳарбӣ ва маъмурӣ доштан ва бо забони мардумони бумӣ аз лиҳози сохти грамматикӣ ва захираи луғавӣ мусобиқа карда натавонистани онҳо буд.

Дар таълимоти Сарвари давлат манзалати сиёсӣ, яъне моҳияти забон муҳимтарин нишондиҳандаи мавқеи миллат дар низоми сиёсии ҷомеа дониста мешавад. Ин масъала дар забоншиносии тоҷик ба сатҳи барои ҷомеаи имрӯз ниҳоят зарур омӯхта нашудааст. Сухан дар бораи аз лиҳози гениалогӣ, системавӣ ва сохториву функсионалӣ боз ҳам асоснок кардани хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ дар асоси «рӯҳи забон» меравад. Зеро маълум аст, ки бо вуҷуди тазйиқи шадиди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар замони ҳукмронии бегонагон, тоҷикон имкон пайдо карданд, ки сохторҳои сиёсии пурқуввати худро асос гузоранд: – «Ҳарчанд ки гузаштагони мо баъд аз қабули дини ислом ба муҳити фарҳангии исломӣ дохил гардиданд, вале тавассути забону фарҳанг ва суннату анъанаҳои бостонии худ ҳувияти миллиашонро нигоҳ доштанд ва бо роҳи эҳёву ҳифзи забони модарӣ ва анъанаҳои миллӣ тавонистанд давлатҳои Саффориёну Тоҳириён, баъдан давлати мутамаркази Сомониён ва сипас давлати Ғуриёнро таъсис диҳанд» (Ҳамон ҷо. − С. 121).

Дар натиҷаи таҳлил ва арзёбии далелҳои таърихӣ дар муддати ҳазорсолаи гузашта Пешвои миллат ба зарфияти ҳуқуқии забон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Муътақид аст, ки танҳо истиқлоли сиёсӣ омили аслии истиқлоли забонӣ мебошад. Бо таъкиди ин нукта ба тамоми даъвоҳои комилан ғайриилмӣ ва ниҳоят содалавҳона, ки дар замони ҳукмронии бегонагон забони тоҷикӣ танҳо забони дарбор ва аҳли ҳунар, фарҳанг ва адаб буд ва ин ҳолат дар сурати адами  истиқлоли давлатӣ метавонист то ба имрӯз идома ёбад, посух медиҳад.

Дар ин маврид, ёддоштҳои фарзанди нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ – Ҷонон Икромӣ, доктори илмҳои химия, профессор, ҷолиби таваҷҷуҳи махсус аст. Ӯ аз нақли падараш менависад: «Тобистони соли 1927 С. Айнӣ ба Бухоро омад ва падарам бо дӯстони дигар хостанд аз ӯ хабар бигиранд. Онҳо дар китобхонаи Абӯалӣ ибни Сино вохӯрданд. Айнӣ ҳамаро бо дастфишорӣ пурсупос кард ва баъд ба падарам муроҷиат карда пурсидааст, ки хешу таборонаш киҳо ҳастанд, худаш дар куҷо таҳсил мекунад. Миллаташ чӣ аст. Падарам дар бораи худаш ва дар бораи хешу табораш нақл мекунад…» ва аз тоҷик буданаш мункир мешавад. «…Устод механдад ва мегӯяд: кӣ кӣ, аммо Шумо шахси ҷавон, ҳам аз пушти падарӣ ва ҳам аз пушти модарӣ тоҷик ҳастед ва бобокалони Шумо аз Ховалинг аст» (Джонон Икрами. Джалол Икрами неизвестные страницы. – Душанбе: Шарқи озод, 2010. − С. 32.)

Ҳамин тариқ, ба асли масъала бозгашта, таъкид бояд кард, ки бидуни падидаи забони аз ҷиҳати захираи луғавӣ дар олам эътирофгардида, сохти грамматикии мукаммал, ки тавассути ин ду фазилат ворисони миллат машҳуртарин асарҳои илмӣ, таърихӣ, бадеӣ, бадеиву таърихӣ эҷод ва мардумони он сарзаминро  дар олам муаррифӣ кардаанд, таъсис ёфтани давлати миллӣ номумкин аст.

Ҳамчунон, забон бе пуштибонии сиёсиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ наметавонад рушд кунад, инкишоф ёбад ва вазифаи таърихии худро иҷро намояд. Пешвои миллат дар ин маврид хотиррасон мекунад: «Пас аз давлати Сомониён забони миллии мо танҳо дар даврони истиқлолият дар мақоми забони давлатӣ қарор дода шуд. Аз ин рӯ, давлати Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа медонад ва ин арзишҳои муқаддасро гиромӣ медорад» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – С. 125).

Пешвои миллат мафҳуми истиқлоли давлатиро бо истиқлоли забонӣ тавъам медонад. Дар забоншиносии умумӣ чунин ақида аҳамияти махсуси сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, идеологӣ ва маънавӣ дорад. Чунин муносибат, арзёбӣ ва хулосабарорӣ моҳияти масъаларо дар бораи сохти давлатдории миллӣ рӯзмарра гардонида, сиёсати ҳуқуқиро дар доираи меъёрҳои конститутсионӣ нисбат  ба арзишҳои миллӣ қувват мебахшад: «Забони тоҷикӣ ва рушду ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлоли давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлоли забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад» (Ҳамон ҷо. – С. 115).

Яке аз муҳимтарин услуби забоншиносии таърихӣ омӯхтани таърихи миллат тавассути забон ва омӯхтани таърихи забон тавассути таърихи миллат мебошад. Дар таълимоти Пешвои миллат ин ду равиш муваффақона ва тавъам истифода шудаанд: «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки дар тӯли гузаштаи пурфоҷиа забони мо барои бақо ва ҳастии миллат…хидмати бузург ва таърихӣ кардааст» (Ҳамон ҷо. − С. 161)Инчунин таъкид месозад: «Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ҳама ҳолат миллати тоҷик сипари боэътимод, ганҷи гаронбаҳои ниёгон – забони модариро аз даст надодааст» (Ҳамон ҷо. − С. 162).

 ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Ҳамасрони мо шоҳиданд, ки хештаншиносӣ, х?